Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
шакл ба ҳамин маъно дар нутқи гуфтугӯӣ ва насри бадеӣ серистеъмол буда, ҳамчун шакли ғайритасрифӣ дар ҳамаи шахсу шумораҳо ба як шакл истеъмол мешавад: ман, ту, вай, мо, шумо, онҳо - хондагӣ, дидагӣ...
Имрӯз 20 кубометр бароварданамон аниқ! - гуфт Ҳодибой.- Шариқҳо акнун рафти корро гирифта мондагӣ.- ...акнун ман ҳам чала-чулпа саводнок шудагӣ, ман ҳам камтар доно шудагӣ, — гуфт боз бо кибру даббада хола (Ҳ. Карим, Оқшуда). Чунки шахтёрҳо ба торикӣ одат кардагӣ (Р. Чалил, Шӯроб). Ҳоло бисёрии меваҳо пухтагӣ, айни фасли боғ аст (Ч. Икромӣ, Ситора). Ана дар шаҳрҳо қатор-қатор мактабҳои ҳунармандӣ кушода мондагӣ (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар).
Замони гузаштаи ҳикоягӣ
Феъли замони гузаштаи ҳикоягӣ аз асоси замони гузашта бо иловаи префикси ме- ва бандакҳои феълӣ сохта мешавад. Тасрифи ин шакли феъл ба тарзи зерин аст:
Танҳо
- ман механдидам
- ту механдидӣ
- вай механдид
Ҷамъ
- мо механдидем
- шумо механдидед
- онҳо механдиданд
Феъли гузаштаи ҳикоягӣ ҳам дорои тобиши зиёди маъной ва грамматикӣ мебошад, ки ҳар яке аз онҳо дар матн вобаста ба равиши сухан равшантар зоҳир мешавад. Гузаштаи ҳикоягӣ ҳаминро мефаҳмонад, ки амал дар замони гузашта бардавом воқеъ шудааст, вале натиҷаи он, яъне анчом ёфтан ё наёфтанаш маълум нест.
Тобишҳои маъноии шакли гузаштаи ҳикоягӣ аз инҳо иборатанд:
- Феъли гузаштаи ҳикоягӣ амал ё ҳолату вазъияти давомноки муттасил воқеъшударо мефаҳмонад. Чунончи:
Дар он зиёфат ошро ман мепухтам ва дигар хизматҳоро ҳам ман мекардам (С. Айнӣ, Куллиёт, ҷ. 1). Дар ҳамин асно чанд нафар ҷанговарон бо сардории фармондеҳе бо ду пулемёт ва чанд дона милтиқ душманро даравида, майдонро тоза намуда, пеш меомаданд (Ҳ. Карим, Оқшуда). Соати деворӣ тик-тик мезад, ду нафар одамони ҳарбӣ таппончаҳояшонро равған мекарданд, комендант... ба дафтари калон чизе менавишт (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Давлатшоҳи меҳнатдӯст то метавонист, мекушид, ки ба пирамард ва зани ӯ зиёдтар мадад расонад. - Давлат дасти Пётрро ҳаргиз сар намедод (Р. Ҷалил, Шӯроб). Одамони мо ба меҳмони асабонӣ бо
287

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо