Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
мулоимат гап мезаданд, аммо ӯ торафт баландтар алангӣ мегирифт ва тозиёнаи худро гоҳ ба камарбанди паҳнаш мехалонду гоҳ дар болои сараш таҳдидкорона афшонида, фарёд мекашид (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар).
Дар забони тоҷикӣ феълҳои содда ва таркибие ҳастанд, ки маънои луғавиашон тобиши давомнокӣ дорад. Онҳо ба шакли гузаштаи ҳикоягӣ омада, маънои давомнокии грамматикӣ пайдо мекунанд. Масалан: боридан — меборид, навохтан — менавохт, рақсидан — мерақсид, тарошидан — метарошид, хизмат кардан — хизмат мекард, нақл кардан — нақл мекард, тамошо кардан — тамошо мекард, бозӣ карда гаштан — бозӣ карда мегашт ва м. ин.
Он рӯз ҳаво абрнок буд, аз осмон чанг меборид (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Ронандааш дар саҳни кема ба рӯи хараке нишаста бо сари хам аз чӯб чизе метарошид.— Мили вай девонавор мерақсид (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Акнун суханҳои расмию дароз гуфта нашуданд ва аксари меҳмонон ду-дую се-се нишаста гирифта, аз ҳар хусус гапзанон мекарданд (Р. Ҷалил, Шӯроб). Мутриб сози худро ҳанӯз чӯр мекард.— Мазмуни ин савт чӣ бошад? — фикр мекард ӯ (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Ду бачаи калонаш дар рӯи ҳавлӣ бозӣ карда мегаштанд (Ҳ. Карим, Оқшуда).
- Феъли гузаштаи ҳикоягӣ давоми мӯлкаратии амали гузаштаро мефаҳмонад, ки чунин тобиши маъноӣ гоҳо аз мазмуни умумии нутқ (матн) маълум мешавад, баъзан бо ёрии калимаву ибораҳои алоҳида таъкид меёбад. Масалан:
Ман шеърҳои дӯстдоштаамро дар коғазпораҳо навишта мегирифтам (С. Айнӣ, Куллиёт, ҷ. 1). Ҳар чӣ хоҳад, пайдо мекардаму ҳар чӣ гӯяд, бо ҷону дил мешунидам (Р. Ҷалил, Шӯроб). Дар дами дарвозаи шаҳр посбонҳо истода буданду оянда, равандагонро тафтиш карда медиданд (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Ҳар шеъри навиштаамро борҳо хонда медидам (С. Айнӣ, Куллиёт, ҷ. 1). Дам ба дам аз ҷояш хеста, аз хона зада баромаданӣ мешуд (Ҳ. Карим, Оқ-шуда). Ҳар ду гаштаю баргашта механдиданду завқ мекар-данд (Р. Ҷалил, Шӯроб). Гоҳо дугонаҳотон аз кор фориғ шуда, доираро тасфонда меоварданд ва шумо онро ба забони ваҷд медаровардед, дигарон мерақсиданд (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар).
- Шакли гузаштаи ҳикоягӣ бо чунин маънои давомнокӣ истеъмол мешавад, ки ин маъно дар мавридаш бо шакли за-мони гузаштаи дур ва гузаштаи дури давомдор низ ифода меёбад. Ин ҳолат бештар бо феъли нишастан, истодан ва баъзан бо феълҳои дигар рӯӣ медиҳад:
Командир дар шипанге, ки дар канори ҳавз воқеъ буд, чой нӯшида менишаст (Ҳ. Карим, Оқшуда). Бегоҳи ҳамон рӯз ма-ну Ҳайдарҷон аз кор омада, дар лаби ҳавзчаи ҳавлиамон менишастем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо