Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

— Мошин дар канори роҳ, байни ду теппаи пасте меистод (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Рӯзи серкор ва пур аз ташвиш ба охир мерасид (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро).

  1. Шакли гузаштаи ҳикоягӣ барои ифодаи тобишҳои маъноии амали воқеъшуда (шарт, хоҳиш, умеду орзу, имконпазирӣ, нобоварӣ) кор фармуда мешавад. Ин гуна тобишҳои маъноӣ вобаста ба мазмуни сухан, оҳанги гуфтор ва калимаҳои ёридиҳанда равшан мешаванд ва аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Баъзан дар шакли гузаштаи ҳикоягӣ тобиши маъноии замони ҳозира-оянда ё оянда ҳис карда мешавад ва маълум аст, ки барои ифодаи чунин маъниҳо шаклҳои дигари феъл низ хизмат карда метавонанд. Чунончи:

Агар рафиқони мо ҳама аз як гиреҳон сар мебароварданд, ҳалли ин муаммо осон мешуд (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Агар дар ин кӯчаи беодам ҳоло касе пайдо мешуду ин пурсупосу дастфишориро медид, гумон мекард, ки паҳлавони ҷавон ба паҳлавони машҳур арзи эҳтироми шогирдона мекунад (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Дер монанд, майлаш-куя, лекин говро барвақттар меоварданд, ки дар вақташ дӯшида мешуд, — гуфта боз ҳасрат кард (С. Айнӣ, Дохунда). Кам монда буд, ки аскарҳои амир моро зер мекарданд, ҳамаи моро нобуд мекарданд, лекин хайрият, ки аз тарафи Тошканд ба мо ёрӣ расиду мо халос шудем. (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Як дари даромад дошт, ки дар айни замон рӯшноӣ ҳам бояд аз ҳамон дар медаромад (С. Айнӣ, Куллиёт, ҷ. 1). Кош моҳ мебаромад (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар).

Ёдоварӣ: Феъли доштан ба маънии шартӣ ва ё барои ифодаи хоҳишу орзу ба шакли гузаштаи ҳикоягӣ омада метавонад; дар мавридҳои дигар вай одатан ба шакли замони гузаштаи наздик (оддӣ) омада, давомнокии амалро ифода мекунад. Чунончи, муқоиса кунед:

Ҳуқуқи намояндагӣ медоштам, таклифҳои амалӣ пешниҳод мекардам. — Кошки ҳозир пулемёт панҷсад дона тир медошт, — гуфт ҷавон. — Ин мунозира ба ҷамъомади калони ихтироъкорон, навоварон, рационализаторҳо монандӣ дошт (Р. Ҷалил, Шӯроб).

Чакидан дошт чак-чак шираи ток,
Тапидан дошт аз гармӣ дили хок.
(М. Турсунзода, Чароғи абадӣ)

  1. Шакли гузаштаи ҳикоягӣ дар нутқи гуфтугӯ ва адабиёти бадеӣ замони ояндаро низ ифода мекунад, ки он бо оҳанги нутқ ва бо ёрии калимаҳои ҷудогона ифода меёбад. Ин гуна тобишҳои маъноӣ дар мавриди худ бо шаклҳои замони
пешина
аз 457
навбатӣ