Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
ҳозираю оянда ва ояндаи феъл ифода шуда метавонад. Масалан:
Аз шумо мепурсидем, ки соати панҷи пагоҳӣ ба клуби қишлоқ ҳозир мешудед (С. Айнӣ, Дохунда). Чӣ гап буду аз кӣ шунидед, фаҳмидан мехостам (Р. Ҷалил, Шӯроб). Шумоён ба куҷо? — пурсид марди рус.— Ба Сталинобод.— Бисьёр нағз, ҳамроҳ мерафтем-дия (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).
Гузаштаи ҳикоягии нақлӣ
Шакли замони гузаштаи ҳикоягии нақлӣ аз гузаштаи нақлӣ бо иловаи префикси ме- сохта мешавад. Тасрифаш чунин аст:
Танҳо
- ман мехондаам
- ту мехондаӣ
- вай мехондааст
Ҷамъ
- мо мехондаем
- шумо мехондаед
- онҳо мехондаанд
Гузаштаи ҳикоягии нақлӣ низ тобишҳои гуногуни маъноӣ ва замонӣ дорад, ки онҳо аз омезиши тобишҳои маъноии нақлӣ ва ҳикоятӣ иборатанд. Ин шакл давомнокӣ ва такрори мӯлкаратии амал, натиҷа ва хулосабарории мантиқиро бо тобиши давомнокӣ ва шоҳиди воқеа набудани гӯяндаро ифода мекунад. Ғайр аз ин, шакли гузаштаи ҳикоягии нақлӣ вобаста ба матн замони гузашта, ҳозира ва ояндаро ифода карда метавонад.
Тобишҳои асосии маъноӣ ва замонии ин шакли феъл дар мисолҳои зер равшан мушоҳида мешавад:
- Шакли ҳикоягии нақлӣ замони гузаштаи давомнок ва мӯлкаратиро мефаҳмонад. Масалан:
Сонитар фаҳмидам, ки тӯтӣ як мурғи бисёр зебои зирак будааст. Ҳар чизро ба вай талқин кунанд, ёд мегирифтааст ва такрор карда мегуфтааст. Аммо, азбаски вай одам нест, маъниашро намедонистааст. Бинобар ин касонеро, ки маънии чизеро надониста онро ёд кардаанд, ба тӯтӣ монанд мекардаанд (С. Айнӣ, Мактаби кӯҳна). Дар он ҷо дар заводҳои пахта ё ки дар ҷойҳои дигар кор мекардааст ва ҳар сол тобистон ба қишлоқамон бармегаштааст.— Пас аз ин падараш ба ҳар куҷое, ки мерафтааст, аввал ҳасрати мӯзаи писарашро баён мекардааст (Ҳ. Карим, Оқшуда). Нақл мекунанд, ки боре Аҳмадбек дар як пуштаи нишеби мисли ёнаҳои Сафедкӯҳ душворгарде ҷуфт мерондааст (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). - Гузаштаи ҳикоягии нақлӣ замони ҳозираи умумиро

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо