Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

ифода мекунад, ки он одатан натиҷа ва хулосаи мантиқиро мефаҳмонад.

Хуллас, ки хислати одам ба дилаш мувофиқ мешудааст (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Шавҳарашро аз дилу ҷон дӯст медоштааст (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Маълум мешавад, ки маро намешинохтаед. — Ин корҳоро коммунистон ва комсомолон нағз медонистанд. — Худатон фикр кунед, умри одамизод мисли оби ҷӯй гузашта рафтан мегирифтасту аммо худи одам бехабар мемондааст (Ҳ. Карим, Оқшуда).

  1. Шакли ҳикоягии нақлӣ замони ояндаро бо мазмуни нақлӣ ифода мекунад. Чунончи:

Одамон мегӯянд, ки оқподшоҳ бачаҳои моро ба ҷанг мефиристодааст! (Ҳ. Карим, Оқшуда). Аҷоиботаш боз дар ин, ки байрақро сардори бригадаи бойдода бо фаъолонаш якҷоя дар ҳузури яке аз роҳбарони колхоз ба бригадаи ғолиб шахсан бурда месупурдааст (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар).

  1. Гузаштаи ҳикоягии нақлӣ маънии замони гузашта ва ояндаи шартиро бо тобиши маъноии натиҷа ва хулосабарории мантиқӣ ифода мекунад.

Замони гузаштаи дур

Феъли замони гузаштаи дур аз шакли феъли ҳоли (сифати феълии) феъли асосӣ бо иловаи шакли замони гузаштаи феъли ёридиҳандаи будан сохта шуда, ба таври зер тасриф меёбад:

Танҳо

  1. ман дида будам
  2. ту дида будӣ
  3. вай дида буд

Ҷамъ

  1. мо дида будем
  2. шумо дида будед
  3. онҳо дида буданд

Шакли гузаштаи дур низ дар мавридиҳои гуногун бо тобишҳои гуногуни замонию маъной истеъмол мешавад, ки онҳо вобаста ба мазмуни матн муайян кардан мумкин аст. Мавриди истеъмол ва маъниҳои асосии ин шакли феъл инҳоянд:

  1. Феъли гузаштаи дур амали гузаштаро ифода мекунад, ки фосилаи замониаш мутлақо ё нисбатан дур аст. Ин маъни гоҳо аз мазмуни умумии сухан (матн), баъзан аз калимаю ибораҳои алоҳида фаҳмида мешавад. Масалан:

А) Модарам як чуволча тутмавиз хушконда монда буд (С. Айнӣ, Куллиёт, ҷ. 1). Он вақт муборизаи синфии зидди кулакҳо дар қишлоқ ба авҷаш расида буд (Р. Ҷалил, Шӯроб).

пешина
аз 457
навбатӣ