Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

(философ — дӯстдори ҳикмат) аз калимаи philosophos-и юнонӣ таҷриб шудааст. Аммо maghos-и юнонӣ бо калимаи паҳлавии magh ва авестоии moghy — mogu — mag (мағ — муғ) робита дошта, аз ин забонҳо гирифта шудааст.

Ё ин ки калимаи чизъя муарраби калимаи газит-и забони оромӣ (арамейский) ва калимаи девон низ муарраб аз калимаи қадимтарини авестост, ки бо калимаи дар-и забони осурӣ робита дорад. Бисёр қалимаҳо аз забонҳои матруки (азбайнрафтаи) оромӣ, суръёнии забонҳои сомӣ (семитӣ) ва инчунин аз забони лаҳҷаҳои забонҳои қадимаи эронӣ ва ғайра муарраб шуда, баъдтар тадриҷан ба забони тоҷикӣ гузаштаанд.

Қабатҳои лексикии забони тоҷикиро аз назар гузаронда, ба баъзе ҳодисаҳои дигар низ дучор мешавем. Бисёр калимаҳои забонҳои дигар аз рӯи қоидаи ҷамъбандии арабӣ ҷамъ баста шудаанд. Масалан, майдон — маёдин, ринд — рунуд, турк — атрок, туркман — тарокима ва ғайра.

Баъзан аз рӯи қонуни калимасозии арабӣ аз калимаҳои тоҷикӣ сохта шудани калимаҳои нав низ дида мешавад. Масалан, аз калимаи чиркин — муҷаркан (золи муҷаркан дар эҷодиёти Аҳмади Дониш), аз калимаи чарх — муҷарраҳ (дар ашъори Шамсиддини Шоҳин) ва ғайра. Вале ин қабил неологизмҳо, ки махсуси замони муайян буданд, дар доираи эҷодиёти шахсони алоҳида боқӣ мондаанд.

б) Лексикаи забони узбекӣ ва дигар забонҳои туркӣ, ки ба воситаи забони узбекӣ ба забони тоҷикӣ дохил шудаанд.

Халқи тоҷик аз қадим бо як қатор халқҳои туркзабон, хусусан бо халқи узбек, муносибатҳои ҳамсоягӣ ва ҳамвата-нӣ дорад. Ба забони тоҷикӣ дохил шудани калимаҳои қавмҳои туркзабон асрҳо боз давом дорад. Калимаҳои забонҳои туркӣ дар сарчашмаҳои адабӣ ва таърихии асри XI ва ҳатто хеле пештар аз он низ мушоҳида мешаванд. Маълум мешавад, ки ин процесс хеле барвақт сар шуда, дар натиҷаи инкишофи муносибатҳои минбаъдаи халқҳоямон боз ҳам қувват гирифта будааст.

Дар адабиёти асрҳои XI—XII як қатор калимаҳои забонҳои туркӣ, аз қабили хон, хоқон, тамға, илик, элхон ва ғайраро дучор кардан мумкин аст. Масалан, истеъмол шудани ин қабил калимаҳои туркиро дар эҷодиёти Низомии Ганҷавӣ низ мушоҳида мекунем:

Ҳирадам язак фири-тад ба висоқи хайлтошам,
Адабам тилоя дорад ба ятоқу посбонӣ.

Ба забони тоҷикӣ роҳ ёфтани калимаҳои туркӣ дар асрҳои XIII—XIV аз пештара дида пурзӯртар мегардад, ки ин ҳолат ба қувват гирифтани муносибатҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва мадании халқҳои ин сарзамин вобаста аст.

пешина
аз 457
навбатӣ