Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
ҳама коратон дуруст мешавад. Раҳмат! Намеарзад, Ҳалимахон! («Пьесаҳои драматургони Тоҷикистон»);
- гурӯҳи калони калимаҳое ҳастанд, ки дар мавриди муайян ба вазифаи нидо омада, ҳиссиёти гуногуни нафрат, таҳқиру дашномо ва сарзанишу маломат ва норозигиро ифода мекунанд. Нидоҳои бераҳм, сангдил, ноинсоф, лаънатӣ, падарлаънат, чапан, беҳаё, бетавфиқ, беимон, нобакор, беномус, ҷувонимарг, сархӯр, бадбахт, падарсаг, пирсаг ва ғайра аз ҳамин ҷумлаанд.
Бераҳм, сангдил! Магар фаромӯш кардӣ? Дар вақте ки ману ту ҳанӯз бачаи хурдсол будем, дар канори Чилвон ҳарду бо ҳам кор мекардем, пахта мечидем ва бозӣ мекардем (С. Айнӣ). Лаънатӣ, чапан! Охир, ту вайро ҳақорат кардай (С. Улуғзода).
- дар соҳаи гуногуни пешаву касб ва ихтисос нидоҳои қабул, итоат, ҳозир бош, оташ, иҷозат, рухсат (диҳед, шавад), ист, марш (дар соҳаи ҳарбӣ), бош тайёр, доимо тайёр (дар соҳаи кори пионерӣ) ва монанди инҳо истифода мешаванд. Ин нидоҳо ифодаи дараҷаи интизоми баланд буда, итоат, фармон, муроҷиат, рухсатро мефаҳмонанд:
«Ҳозир бош!» гуфта сардор фармон дод (С. Айнӣ). Ҳамин ки танкҳо рӯ ба рӯи роҳрави чуқур расиданд, Одинаев бо садои пуртаъсир фармон дод: «Оташ!» (Ф. Ниёзӣ). Эй музыка, нола соз! Хон марш! — Мурд Ильич, зинда бод Ленин! — Ленин ба дили пролетарҳост (П. Сулаймонӣ). Бош тайёр! Доимо тайёр! Дар роҳи социализм аз дилу ҷон! Бош тайёр! Баҳри ҳифзи пролетари ҷаҳон (П. Сулаймонӣ);
- Нидоҳои соҳаи цирк ва физкултура, ки асосан аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ гузаштаанд (ба монанди аллеҳ) низ машҳуранд. Нидоҳои тоҷикии ҳӯппа, ҳа ба соҳаи цирк ва физкултура низ мансубанд.
Нидоҳое, ки барои таъсир расонидан ба ҳайвонот истифода мешаванд, махсусан, дар забони гуфтугӯ ва лаҳҷа серистеъмоланд.
Дар забони тоҷикӣ барои муроҷиат кардан ва фармон додан ба саг чунин калимаю ифодаҳо мавҷуданд: маҳ-маҳ, баҳ-баҳ (боҳ-боҳ, бӯҳ-бӯҳ), куч-куч, ин ҷо биё, асаг, ҳиҷ, хоб кун, гурез, рав, дафъ шав, бардор, гир, киш-киш, ол-ол, тур ва ғ.
Калимаҳое, ки муроҷиати ба ҳайвоноту паррандагони хонагиро ифода мекунанд, зиёданд. Масалан, калимаҳои чигӣ-чигӣ (диги-дигӣ, гиди-гидӣ), чай (чай-чай), ай (ай-ай), ҳел-ҳел, ҳей-ҳей, хол-хол, геч-геч ва ғайра нисбат ба буз; чу (чу-чу), шок (шок-шок), ҳеш-ҳеш, уш-уш, бош (бош-бош), баҳш, (баҳш-баҳш), шук-шук, сав-сав ва ғайра нисбат ба гов; беҳ-беҳ, бияҳ-бияҳ, хут (хут-хут), хат-хат, маҳ-маҳ, иш (иш-иш), их (их-их), чаҳ (чаҳ-чаҳ) ва ғайра нисбат ба хар; ҳушт (ҳушт-ҳушт), ҳӯйт (ҳуйт-ҳуйт), ҳейт (ҳейт-ҳейт), қош (қош-қош),

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор