Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

тувӣ-тувӣ ва ғайра нисбат ба гӯсфанд; пиш-пиш, пишт нисбат ба гурба; ту-ту-ту, киш нисбат ба парранда истифода мешаванд.

Боз гурӯҳи муайяни нидоҳое ҳастанд, ки ҳангоми амалиёти гуногуни одам бо ҳайвонот кор меоянд. Масалан, ҳайвонотро бо оҳангу овози махсус об медиҳанд, бо истодану ҳаракат кардан, давидан ва хӯрок хӯрдан даъват мекунанд. Ин оҳангу овози махсусро дар хат акс намудан хеле душвор ва аксаран ғайриимкон аст. Гоҳо баъзеи онҳоро дар хат шартан ифода мекунанд, вале он ҳам аз қоидаи сарфу наҳв ва овоз барканоранд. Чунинанд нидоҳои тувӣ-тувӣ, ӯҳ-ҳишт, тсс.

СОХТИ НИДО

Сохти нидо хеле гуногун аст. Нидоҳое ҳастанд, ки ба идиомаю фразеологизмҳо (бало ба пасаш, чашм нарасад, илоҳӣ омин, ҷонам қатӣ, ба ҷону дил, худо нигоҳ дорад, ё тавба, таваккал ба худо, ҳушёр бош, сабил монад, чор тараф қибла, қандашро хурад), ба ҳиссаҳои гуногуни нутқ (офарин, салом, раҳмат, саломат бош (ед), хуш омадед, мебахшӣ (ед), ист, иҷозат диҳед, бош тайёр, бифармо, бигузор, лаънатӣ), ба калимаҳои забонҳои дигар (урра, марш, ол-ол, алҳазар), ба амалиёти рефлекторӣ (брр, ҳа-ҳа-ҳа) ва ғайра муносибат доранд.

Нидоҳои э, ҳа, а, буу, и, иӣ, эҳ, ӯҳ, ҳо, ҳу, ҳе, вой, воҳ ва монанди инҳо хусусияти хос доранд. Онҳо аз ҷиҳати сохти морфологӣ ба ҷузъҳо ҷудо намешаванд, вале интонацияи махсус ва рангоранг доранд. Интонация низ шакли грамматикист ва маънои гуногуни нидоро пеш аз ҳама ҳамин интонация таъмин мекунад.

Муқаррар намудани сохти морфологии нидо (хусусан нидоҳои аслӣ) душвор аст. Онҳо чунин сохт доранд: садонок (э, о, а); садоноку ҳамсадо (эҳ, аҳ); ҳамсадою садонок (ҳа, ҳо, ҳе); садоноку ҳамсадо ва садонок (эҳа, эҳе, уҳу); ҳамсадою садонок ва ҳамсадо (вой, вах, пуф); садоноку ду ҳамсадо ва садонок (оббо, ӯббо); ҳамсадою ҳамсадо (ҳм, мм) ва монанди ин.

Нидоҳои бо номи ҳайвонот алоқаманд аз рӯи сохту маъно аз дигар нидоҳо фарқ мекунанд. Дар гурӯҳи нидоҳои мансуби ҳайвонот фонема чандон аҳамият надорад. Ин аст, ки дар як лаҳҷаву шева якчанд варианти овозии нидо дучор мешавад.

Нидо низ морфологияи хос дорад. Чунончи, калимаҳои муроҷиат ба ҳайвонот суффикс қабул карда, навозишро ифода менамоянд: чигӣ-чигича, шок-шокак, пиш-пишак, чу-чу-ҳак, хут-хутик ва ғайра.

пешина
аз 457
навбатӣ