Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

ТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

Воситаи муҳими грамматикии сохтани нидо тарзи такрор аст. Баъзе нидоҳо дар шакли такрори дуқарата ва сеқарата истеъмол шуда, аммо шакли истифодаи якқарата надоранд, чунончи: чиғӣ-чиғӣ, биях-биях, пиш-пиш, сав-сав, ҳол-ҳол, тувӣ-тувӣ, ту-ту-ту, ҳа-ҳа-ҳа ва ғайра. Бисёр нидоҳо ҳам шакли ягона ва ҳам шакли такрор доранд, масалан: вой, ваҳ, баҳ, паҳ, чай, ай, шок, геча; вой-вой, ваҳ-ваҳ, баҳ-баҳ, паҳ-паҳ, чай-чай, ай-ай, шок-шок, геча-геча ва ғ.

Нидоҳои амре, ки муроҷиат ба ҳайвонотро мефаҳмонанд, барои он такрор мешаванд, ки оҳанги итоати ҳайвонот пурқувват гардад:

Гулсум карсонро аз хонаи сиёҳ гирифта баромад ва ба атроф нигоҳ карда: «Хайбар! Бӯҳ-бӯҳ-бӯҳ» гӯён ҷеғ зад (С. Айнӣ). Чу-чу, ҷонвар, аз чӣ мехӯспӣ! (Ф. Ниёзӣ). Их-их! Туро мегӯяме! Зудтар роҳ гард, торик шуд («Пьесаҳои драматургони Тоҷикистон»).

Бо мақсади пурқувват гардидани дараҷаи мутаассирии гӯянда аз нутқи ҳамсӯҳбат ва ё аз ягон ҳодисаву воқеаи муҳит дигар нидоҳо низ такрор мешаванд:

Ҳой-ҳой, йигитҳо! Шуморо ба хайр? Охир инҳо моли ман-ку!... («Пьесаҳои драматургони Тоҷикистон»). Ҳо-ҳо-ҳо! Акнун ба ёдам омадӣ: магар ту Фармон нестӣ (С. Айнӣ). Ту кистӣ? Ҳа... Маҳмуд! Ту ҳам ба даст афтодӣ? Афсӯс, афсӯс! («Пьесаҳои драматургони Тоҷикистон»).

Баъзе нидоҳо (бай-бай, баҳ-баҳ, вай-вай, ҳай-ҳай, лай-лай, ва ё ла-ла-лай ва ғайра) асосан дар шакли такрор истифода шуда, дар мавриди муайян маънои шодиву хурсандию, ваҷд, тааҷҷубу ҳайрат, нафрат, ношукрӣ ва ғайраро ифода меку-нанд:

Сар то по мисли ҳалвой лавз. Бай-бай-бай... («Пьесаҳои драматургони Тоҷикистон»). Ҳой, ҳой, амаки полвон! Ин чӣ мағал? Худаш чӣ гап? Ҳай-ҳай! Ин ҷо яслии бачагон аст. Бачагон хоб кардаанд. Оҳиста гап зада гузаретон («Пьесаҳои драматургони Тоҷикистон»).

Якҷоя истеъмол шудани ду нидо зиёд аст, ки дар чунин мавриди оҳанги ҳаяҷон ва таъсири нидо пурқувват мегардад:

Вой дод!... Ман ғӯзаи худамро аз як ман зиёдатар тахмин карда оварда будам (С. Айнӣ). Эй вой!... Азизам, ту чӣ қа-дар тангҳавсала ва ба чӣ андоза бесабрӣ?... (П. Сулаймонӣ). Э тавба! Вай духтари худомо барин-ку (С. Улуғзода).

Мавриди бо нидо ҳамроҳ омадани ҳиссача кам нест, ки дар натиҷа ҷиҳати эҳтиросу муассирии оҳанги нидо пурқувват мегардад:

Ҳа, баракалло, шакар ба даҳонатон, ёфтед (Ф. Ниёзӣ). Хӯш, хӯш, канӣ, муборак бошад, духтарам (С. Улуғзода). Канӣ, марҳамат, раис, як пиёла чой гиред (Ф. Ниёзӣ).

пешина
аз 457
навбатӣ