Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

КАЛИМАҲОИ ТАҚЛИДӢ

Калимаҳои тақлидӣ маънои муайян, аломати махсуси морфологӣ, синтаксисӣ ва услубӣ доранд. Калимаҳои тақлидӣ на фақат тақлиди овози одамон (ғурунг-ғурунг), ҳайвонот (баа-баа), паррандагон (қар-қар), ҳашарот (чир-чир), инчунин тақлиди садои бо ҳам расидани ду предмет (чиринг-чиринг), тақлиди овоз ва ҳаракати ҳодисаҳои табиат (гулдур-гулдур), тақлиди ҳодисаҳои овоздори организми инсон (гуп-гупи дил) ва ғайраро фаро мегиранд. Калимаҳои тақлидӣ ҳамчунин ҳаракат, тасаввуроти равшанӣ, эмоция ва ҳолати рӯҳиро низ инъикос менамоянд. Аммо эмоцияю ҳолати рӯҳии калимаи тақлидӣ аз эмоцияю ҳолати рӯҳии нидо фарқ мекунад. Чӯнончи:

Эй Октабир — Инқилоби Октабир!
Эй моҳ! Не, офтоби Октабир!
Урра! Урра!!! Ба пеш биштоб!
Биштобу саодати башар ёб!

(С. Айнӣ)

Занбар мошин барин нарм-нарм алвонҷ мехӯрад. Э, охир, ӯро рӯи занбар ба мошин бор кардаанд. Ана шишаи ширранги чароғаки сақфи мошин (Ф. Муҳаммадиев). Дигар мадор надорам. Уффф! («Хорпуштак»). Ман аз тарси он, ки акнун китобам аз дастам меравад, ҳиқ-ҳиқ гирья сар кардам (С. Улуғзода). Адолат аз ҷояш хеста хомӯш меистоду чӣ гуфтанашро намедонист, гулӯгир мешуд, дилаш чунон гуп-гуп беқарор мезад, ки ором нафас кашида наметавонист (Ф. Ниёзӣ). Оҳиста дарро кӯфт, аз поён ғурунг-ғурунг садо баромад (Ф. Ниёзӣ).

Дар се ҷумлаи аввал нидо (урра, э, уффф) ва дар се ҷумлаи охир калимаи тақлидӣ истифода шудааст. Аз ин мисолҳо тафовути маънои нидо ва калимаи тақлидӣ равшан мушоҳида мешавад.

Ҷиҳатҳои мухталифи предмету ҳодисаҳои воқеият бо роҳҳои гуногун: сомиа, босира ё ломиса дарк карда мешаванд. Калимаҳои тақлидӣ ҷиҳати гуногуни предмету ҳодисаҳоро бо ёрии ин воситаҳо шартан акс менамоянд. Масалан, ба воситаи идроки сомиавӣ ҳаракати гуногун: зарбу лат, шапидану задани чизе, шалап-шалап, тарап-тарап задану кӯфтан, шикастан, хаму рост шудан, кафидан, харошидан, соидан ва ғайра тасвир мешаванд. Онҳо натиҷаву таъсири овозу садои нисбатан баланд ва ё пастро ба вуҷуд меоваранд.

Қувваи ҷамъбасти калимаҳои тақлидӣ нисбат ба нидо суст аст. Масалан, барои калимаҳои тақлидӣ, умуман, задан ҳамчун мафҳуми муқаррарӣ мавҷуд нест, балки миқдори бешумори тарзи задан дида мешавад. Барои онҳо ғалтидани

пешина
аз 457
навбатӣ