Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

мақоми муайян дошта, хелҳои гуногуни садою овоз, ғавғо, ғалоғула, хелҳои гуногуни ҳаракат, ҳодисаҳои равшанӣ, ҳиссиёти гуногуни физиологӣ ва ҳаяҷони гуногуни рӯҳии мавҷудоти зиндаро нишон медиҳанд. Аз ин нуқтаи назар ҳамаи калимаҳои тақлидиро аз рӯи маъно ба гурӯҳҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст:

  1. калимаҳои тақлидие, ки ҳолату вазъияти гуногуни физикӣ, физиологӣ, ҳолати рӯҳии предметҳои ҷондорро (бештар одамро) инъикос менамоянд. Ба ин ҷо садову овозҳое, ки аз узвҳои гуногуни бадан бармеоянд, низ шартан дохил мешаванд, масалан:

Аз даруни меҳмонхона ғайр аз садои хур-хури хобидагон дигар овозе шунида намешуд (С. Айнӣ). Аз ин мебарояд, ки хабари расонидаамон бефоида набудааст? — гуфтам ман ба Солеҳ, дар ҳолате ки ба ҳаяҷон омада будам ва дилам гуп-гуп мезад (С. Улуғзода). Ҳама қоҳ-қоҳ механдиданд (Р. Ҷалил). Ҳар ду зонуи Латиф дарағ-дарағ меларзид (Ф. Ниёзӣ). Падарам дар хонаи торик танҳо нишаста буд, аз он ҷо ҳиқ-ҳӣқ гиристани ӯ ба гӯши мо мерасид (С. Улуғзода);

  1. калимаҳои тақлидие, ки садоҳои гуногуни ҳамаи навъҳои гуногуни асбобу олоту аслиҳаи фулузӣ, чӯбин, чинивор, шишагӣ, сафолӣ, садои воситаҳои гуногуни нақлиёт, техника, садои ба ҳам расидан ва бархӯрдани предметҳои сахт, мулоим ва ғайраро ифода мекунанд:

Дар ин дам аз наздик патар-патари аэроплан шунида шуд (С. Улуғзода). Тарф монандӣ аждаҳое, ки дар афсонаҳо нақл мекунанд, беист фашшоси даҳшатангезе мезад (С. Айнӣ). Лекин аз тарафи ғарбии шаҳри Бойсун — аз кӯҳи Посурх садои тат-тат-тат меомад (С. Айнӣ). Ғир-ғири чархи ароба аз кӯча ҳам шунида мешуд (С. Улуғзода);

  1. калимаҳои тақлидие, ки инъикоси овозу садои ҳайвонот, парранда ва ҳашарот мебошанд. Доираи маънои ин гурӯҳи калимаҳои тақлидӣ маҳдуд аст, чунки онҳо ҳодисаҳои гуногунро дар бар намегиранд:

Гӯсфандони дар кӯрабуда бедор шуда, аз ҷояшон хеста, маъос зада ҳаракат мекарданд (С. Айнӣ). Ҳамин ки Ёдгорро дид, худи гов хуъ-хуъ гуфта пеш омадан гирифт (С. Айнӣ). Дар дашт хомӯшӣ ҳукмфармо буд. Фақат ин хомӯширо ва-вағ-вавағ, пит-пилик, пит-пилик, пит-пилик гӯён сурудани бедонаҳое, ки онҳоро дар қафасҳо андохта, дар сари чӯби козаҳои боғ овехта буданд, вайрон мекарданд (С. Айнӣ);

  1. калимаҳои тақлидие, ки хусусияти шаклҳои гуногуни ҳаракату процесси предметҳои ҳархеларо ифода менамоянд:

Аз дунбол садои тақар-тақари пои асп баромад (С. Айнӣ). Аз дарвозаи ҳавлии колхоз як автомобили боркашӣ ғуррос зада даромад (С. Айнӣ). Хона хомӯш буд. Ба ғайр аз шитир-шитире, ки аз сӯхтани чӯби бурс (арча) мебаромад, дигар садое шунида намешуд (С. Айнӣ). Зебӣ бо қадамҳои майдаи чобукона

пешина
аз 457
навбатӣ