Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
аз пайраҳои пурбарф ғарҷ-ғарҷ пой монда, рафт (Ф. Ниёзӣ); 5) калимаҳои тақлидиЕ, ки овозу садои предметҳои моеъро нишон медиҳанд:
Ёдгор ба лаби санглох нишаста, шар-шари оби аз кӯҳ фуромада истодаро гӯш мекард (С. Айнӣ). Чоҳои кушода аз дуртари майдон монанди кӯли пуроб лаппос мезад (С. Айнӣ).
Об бошад хеле аз пастӣ мегузарад, бинобар ҳамин шаввоси он шунида намешавад (Р. Ҷалил); 6) калимаҳои тақлидие, ки садоҳои гуногуни ҳодисаҳои гуногуни табиатро ифода мекунанд. Калимаҳои тақлидии ин гурӯҳ дар бисёр мавридҳо овози конкретро ифода намоянд ҳам, вале барои нишон додани якчанд садоҳои гуногун низ хизмат мекунанд:
Садои шаг-шаги боридани жола, гулдур-гулдури ҳаво ва ғуввоси шамол якҷоя шуда ба дил воҳима меандохт (С. Айнӣ). Он ҳезумкаш ҳанӯз сухани худро тамом накарда буд, ки бо даҳшати аз одат берун ҳаво гулдуррос зад (С. Айнӣ); 7) калимаҳои тақлидие, ки ҳодисаҳои гуногуни равшаниро ифода мекунанд. Миқдори ин гурӯҳи калимаҳои тақлидӣ низ зиёд нест:
Карнайчаи он сафед ва монанди гардани қоз қаҷ буда, ялаққос мезад (С. Улуғзода). Ордену медальҳое, ки дар сари синаи чапи ӯ аз болои ҷома зада шуда буданд, дар шӯълаи чароғҳои электрикӣ ялт-ялт ҷило медоданд (Ф. Ниёзӣ). Аз ҷоям ҷаҳида хеста, кӯрпаро аз болои сандалӣ бардоштани шуда будам, ки вай лаппи даргирифта рафт (С. Улуғзода).
Хусусиятҳои фонетикии калимаҳои тақлидӣ
Калимаҳои тақлидии забони тоҷикӣ асосан дуҳиҷогӣ (вағвағ, ғув-ғув, фаш-фаш) мешаванд. Дар аввали калимаҳои тақлидӣ бештар ҳамсадоҳои ғ, ш, т, ч, п меоянд. Дар охири инҳо бештар ҳамсадоҳои р, к, т ва таркиби ҳамсадоҳои рс, нг меояд. Дар калимаҳои тақлидие, ки ҳодисаҳои равшаниро нишон медиҳанд, ҳамсадои л бештар дучор мешавад, масалан: ялт-ялт, милт-милт.
Калимаҳои тақлидие, ки бо садонок сар шудаанд, бисёр каманд. Асосан садоноки а (ва гоҳо у) дучор мешавад, чунончи: ав-ав, ак-ак, уҳу-уҳу (ӯҳу-ӯҳу). Дар миёнаи калимаҳои тақлидӣ бештар садонокҳои а, и ва у меоянд, масалан:
чаранг-чаранг, вағ-вағ, шибир-шибир, пичир-пичир, гулдургулдур, ғув-ғув.
Решаи калимаи тақлидӣ одатан ду бор такрор мешавад, масалан: ғум-ғум, биҷир-биҷир, тапар-тапар. Аммо вобаста ба вазъияту муҳити предмету ҳодисаи тасвиршаванда решаи калимаи тақлидӣ аз ду карат зиёд такрор шуда метавонад, чунончи:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор