Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Магар садои дӯм-дӯм-дӯми дуҳул бо овози шарт-шарт-шарти чӯб ҳамроҳ шуда, таъсири хубе мебахшид, ки аломати шодӣ ва хурсанӣ аз ваҷоҳати саркарда, юзбошӣ ва амалдорони дигари даста ҳувайдо буд (С. Айнӣ). Шабар-шабар-шабари мавҷҳои оби Аму — Ба гӯш мерасад ҳамчун ҳавой мусиқор (П. Сулаймонӣ).

Дар вақти такрор одатан садонокҳо тағйир намеёбанд: шатар-шатар, гумбур-гумбур, хур-хур, данг-данг ва ғайра. Вале дар баъзе мавридҳо дар ҷузъи дуввуми калима садонок тағйир меёбад. Тағйир ёфтани садонок аксар вақт ба хусусияти оҳанги садои предмет, ба пасту баланд шудани овоз вобаста аст. Аксар садоноки ҷузъи якуми калимаи тақлидӣ дар ҷузъи дуввум ба садоноки у иваз мешавад:

Лекин қарс-қурси милтиқ, ки аввал ягон-ягон баромада, пас аз он ба якборагӣ дусад-сесад милтиқ ба тарзи шиллик холӣ шуд, мардумро аз задухӯрди якдигар боздошт (С. Айнӣ). Ӯ сари худро ба оғӯши Маъмур гузошта, мехост чизе бигӯяд, ки гир·ия гулӯгир шуду бино кард ба ҳой-хӯй гиристан (П. Сулаймонӣ). Аз дур садои шав-шуви дарёи шӯхоби Қаротоғ, аз боғу саҳроҳои гирду пеш овози чир-чиракҳо, ки мисли садои ҳуштаки посбонон буд, ва ҳар замон хониши мурғи ку-ку ба гӯш мерасад (Ф. Ниёзӣ).

Дар мавриди муайян вобаста ба хусусияти воқеаи тасвиршаванда ҳамсадои аввали ҷузъи такроршуда тағйир меёбад. Ҳамсадои аввали ҷузъи якуми калимаи тақлидӣ дар аввали ҷузъи дуюм асосан ба ҳамсадои п мубаддал мешавад, чунони: чалақ-палақ, ғурунг-пурунг, ҷаранг-паранг.

Ҳамсадои охирини аксари калимаҳои тақлидӣ ташдид меёбанд, ки ин дар хат бо ду ҳамсадо ифода мешавад. Ин ҳодисаи фонетикиро дар калимасозӣ бо суффикс мебинем. Дар асл ҳамон ҳамсадое ташдид меёбад, ки пас аз садонок омада ва баъди он низ суффикс бо садонок сар мешавад, масалан: виҷиррос, хиширрос, лаппиш, ғурриш, фиррак, фуғғак, шарра, лаппи, фарри ва ғайра.

Гоҳо вобаста ба хусусияти садои ҳодисаи тасвиршаванда ба тариқи хеле кам ҳамсадои охири калимаи тақлидӣ, ҳарчанд пас аз он садонок ҳам наояд, такрор мешавад. Ин тариқи ташдид ёфтани ҳамсадоҳо одатан дар шакли такрори калимаҳои тақлидӣ мушоҳида мешавад, ки ин таъсирнокии ҳодисаи тасвиршавандаро пурқувват мекунад:

Даҳбошӣ чилимро ба даст гирифт, бо ду-се қулоб кашидан монанди касе, ки ҷон меканда бошад, ҳирр-ҳирр карда, ба ҳамон ҷои худ афтод (С. Айнӣ). Имрӯз як палав пухтам, ки! Равғанаш дар таги табақ шурр-шурр оқида меистад (С. Улуғзода). Ҳоло ин «дев»-и сиёҳи пурҳайбат ҳам фашш-фашш карда ва ғулгула андохта ба болои мо меомад (С. Улуғзода).

Агар дар охири калимаи тақлидӣ ду ҳамсадо паи ҳам

пешина
аз 457
навбатӣ