Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
омада бошад (ба монанди нг, рс, лп, рт, шб, шт), ҳамсадои охири пеш аз суффикс ҳеҷ вақт ташдид намеёбад, масалан:
ҷарангос, чарсос, чалпос, шартос ва ғайра.
Дар калимаҳои тақлидӣ мақоми зада якранг нест. Дар калимаҳое, ки суффикси -ос (-ас), -ак, -иш, -а ва садоноки пайвасткунандаи -о- доранд, зада ҳамеша бар ҳиҷои охирин, яъне бар суффикс меафтад, чунончи: шуввос, ғуввак, ғурриш, гулғула. Калимаҳои тақлидие, ки суффикси -и доранд ва аз ду ҳиҷо иборатанд, зада ҳама вақт бар ҳиҷои якуми онҳо (фарри, шарти), аммо аз ду ҳиҷо зиёд бошад, бар ҳиҷои дуввум (тараққи, шалаппи) рост меояд. Калимаҳои тақлидие, ки ба воситаи суффикси -и сохта шудаанд, дар охир (бар суффикс) ҳеҷ вақт зада намегиранд. Калимаҳои тақлидии такрор ба монанди калимаҳои мураккаб ду зада доранд:
асосӣ ва иловагӣ. Задаи асосӣ бар ҳиҷои охирини ҷузъи дуввум ва задаи иловагӣ бар ҳиҷои охирини ҷузъи якум меафтад, масалан: ғур-ғур, шав-шав, дарағ-дарағ, ғиҷир-ғиҷир ва ғайра.
Дар калимаҳои тақлидӣ хусусияти хоси овозҳои садонок ва ҳамсадо шарти асосии воситаи ифодаи дарозиву кӯтоҳӣ, давомнокӣ, номуттасилӣ, қатшававии дам ба дам, мавзунӣ, хушоҳангӣ, дағалоҳангӣ, такрор, шиддатнокӣ, ҷиддият, пуррагӣ, якбора шӯъла пайдо кардан, оҳиста дурахшидан, канда-канда ҷило додан ва дигар тобишҳои гуногуни оҳангу садо ва акси предмету ҳодисаҳои тасвиршаванда ба шумор меравад. Масалан: таркиби ҳамсадои нг дар охири калимаи тақлидӣ хушоҳангӣ, хушовозӣ, форамии садои ҳодисаи тасвиршавандаро нишон медиҳад:
Тинг-тинг, данг-данг ва чаранг-чаранги асбобҳои мисин ва тунукагин торафт шиддат гирифта, бо акси садои дараи кӯҳистон як шуда, як навъ «аркестр»-и махсусро ташкил карда буданд (А. Деҳотӣ).
Ҳамсадои лабии м дар охири калимаи тақлидӣ дам ба дам қатъ шудан, номуттасилӣ ва фосиланокии ҳодисаи тасвиршавандаро ифода менамояд:
Шогирдпешагон асп давониданд, табли қаторак ҳам гумгум-гум-гум-гум-гум-гум-гум-гум-гум-гум-гум-тинг, тинггум, -тинг- гум-гум карда ба роҳ даромад (С. Айнӣ).
Ба монанди мисолҳои боло дигар ҳамсадоҳо низ дар вазъияти муайян тобишҳои гуногуни оҳангу садову овоз ва акси ҳодисаҳои тасвиршавандаро ифода карда метавонанд, чунончи:
Гӯё ки бо падар ё фарзанди нав аз сафар омадаи худ мулоқот мекарда бошад, сару рӯйҳои онҳоро чалп-чалп мебӯсид (С. Айнӣ). Баъд аз панҷ дақиқа аз сӯрохе, ки бандиёни пештара аз ин обхона ба тарафи регхона кушода буданд, садои ғижир-ғижири ғарғара омад (С. Айнӣ).
Таъғири оҳанги садонокҳо низ барои ифода намудани тобишҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор