Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

рангоранги садову овозҳои предмету ҳодисаҳои тасвиршаванда роли муҳим мебозанд. Масалан, оҳанги нозук ва маҳини садоноки а дараҷаи баланди пуррагии садо ва ё процессро инъикос менамояд, масалан:

Шаб ба рафиқ бӯса бидодӣ шалап-шалап — Аз қаҳр дандон газидам ғаҷар-ғаҷар (П. Сулаймонӣ). Аз ароба бақ-бақи доира ва овози «ёр-ёр»-хонӣ баланд шуд (С. Улуғзода).

Хусусияти грамматикии калимаҳои тақлидӣ

Аксари калимаҳои тақлидӣ аз рӯи хусусияти грамматикиашон ба гурӯҳи калимаҳои исм майл дошта бошанд ҳам, вале категорияи мустақиқи калимаҳоро ташкил мекунанд, зеро хусусиятҳои ба худ хос доранд.

  1. Калимаҳои тақлидӣ ба воситаи суффикси -ҳо шакли ҷамъ месозанд: Ман чақ-чақҳои ӯро завқ карда мешунавидам (С. Айнӣ).

Аммо калимаҳои тақлидӣ суффикси ҷамъро хеле кам қабул мекунанд, зеро ки худи онҳо бо роҳи такрор дорои имконияти ифода намудани яккаратӣ ва мӯлкаратии ҳодисаҳо мебошанд, масалан, хишир, гулдур, ҷаранг (яккаратӣ), хи-шир-хишир, гулдур-гулдур, ҷаранг-ҷаранг, гум-гум-гум (мӯлкаратӣ).

  1. Калимаҳои тақлидӣ артикли -е гирифта метавонанд. Аммо ин артиклро танҳо калимаҳои тақлидии бо суффикси -ос (-ас) мегиранд.

Шағол уллосе кашида ба даруни ғумайзор даромада, аз назар ғоиб шуд («Садои Шарқ»). Аз дур садои гулдурросе ба гӯш мерасид (Р. Ҷалил).

  1. Калимаҳои тақлидӣ бо бандакҷонишин низ меоянд: Ба ӯ гӯй, ки тақар-тақарашро бас кунад, дар дилам зад (Р. Ҷалил). Аз садои хишир-хишираш маълум мешуд, ки дар ин наздикӣ касе коре карда истодааст (С. Айнӣ).

  2. Калимаҳои тақлидӣ ба монандӣ ҳиссаҳои номии нутқ ба воситаи бандаки изофӣ ба таркиби ибора даромада, ҳам ҷузъи асосӣ ва ҳам ҷузъи тобеи онро ташкил карда метавонанд, чунончӣ: гулдур-гулдури ҳаво, тиқ-тиқи соат; овози тинг, садои гумбур-гумбур ва ғайра.

Аз шарту шурти шатта, бонг зада дашноми додани Арбоб ва аз фарёди мазлумонай Одина имоми деҳа — Мулло Хокироҳ бо ду-се нафар калоншавандагони дигар як ҳодиса воқеъ шуданро фаҳмида, ба ҳавлии Арбоб даромада омаданд (С. Айнӣ). Бой, ки дар ҳолати нимхобу нимбедор буд, аз даҳлези меҳмонхона садои хисир-хисири касеро шунида: «Кист?» гуфт (С. Айнӣ).

  1. Калимаҳои тақлидӣ бо пешоянду пасоянд омада метавонанд:
пешина
аз 457
навбатӣ