Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
гузашта (хонд, навишт...). Асоси замони ҳозираи феълҳо баъзан бо реша баробар меоянд, чунончи, дар калимаи хонам — хон асоси замони ҳозира ва дар айни ҳол решаи феълӣ мебошад. Дар калимаи мехондам -ам бандаки феълӣ, хонд асоси замони гузашта, ме- префикс буда, решаи феълӣ хон аст.
Морфемаҳое, ки алоқаи калимаҳоро ифода мекунанд, бандак номида мешаванд.
Бандакҳое, ки бо асосҳои феълӣ меоянд, бандакҳои феълӣ ном доранд (-ам, -ӣ, -ад, -ем, -ед, -анд: мехонам, хондӣ...). Бандакҳое, ки бо сифати феълӣ ва ҳиссаҳои дигари нутқ меоянд, бандакҳои хабарӣ номида мешаванд (-ам, -ӣ, -аст, -ем, -ед, -анд: хондаам, ту муаллимӣ, шумо хушбахтед). Бандаке, ки алоқаи муайянкунандаро бо муайяншаванда мебандад, бандаки изофӣ номида мешавад (бинои мактаб, бинои баланд).
Дар натиҷаи таърихи дуру дарози сохти грамматикии забони адабии тоҷик дар баъзе калимаҳо аффиксҳо бо решаи калимаҳо як шуда, шакли як калимаи ҷудонашавандаро гирифтаанд, ки суффикси ин хел калимаҳоро ҷудо кардан номумкин аст. Масалан: пешона, бегона, дуредгар, шапалак, кирдор ва ғайра. Инҳо дар забони ҳозира калимаҳои рехта шуморида мешаванд.
Ҳиссаҳои нутқ. Калимаҳо бо маънои луғавии худ, категорияҳои грамматикӣ, бо тарз ва типҳои калимасозии худ ба гурӯҳҳо ҷудо мешаванд, ки ҳар кадоми ин гурӯҳҳо ҳиссаҳои нутқ ном доранд. Ҳиссаҳои нутқ бо вазифаи дар ибора ва ҷумла дошташон низ аз якдигар фарқ мекунанд. Ҳар як ҳиссаи нутқ дар забони адабии тоҷик маънои лексикии хос, категорияҳои муайяни морфологӣ ва типҳои алоҳидаи калимасозӣ дошта, вазифаи маълуми синтаксисиро адо мекунад.
Дар забони адабии тоҷик даҳ ҳиссаи нутқ нишон дода мешавад: исм, сифат, шумора, ҷонишин, феъл, зарф, пешоянду пасоянд, пайвандакҳо, ҳиссачаҳо, нидо.
Ҳиссаҳои нутқ дар асоси маъно ва вазифаашон ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд:
- Ҳиссаҳои мустақили нутқ. 2) Ҳиссаҳои ёридиҳандаи нутқ.
Исм, сифат, шумора, ҷонишин, феъл, зарф ҳиссаҳои мустақили нутқ буда, пешоянду пасоянд, пайвандакҳо ва ҳиссачаҳо ҳиссаҳои ёридиҳандаи нутқ мебошанд.
Ҳиссаҳои мустақили нутқ маънои мустақили луғавӣ дошта, предмет, аломат, хосият, ҳолат ва амалро мефаҳмонанд: одам, шаҳр, хона, кор, хуб, илмӣ, мо, вай, панҷ, сад, якум, хондан, омадан, комилан, фардо.
Ҳиссаҳои ёридиҳандаи нутқ маънои мустақили луғавӣ надошта, муносибати байни ҳодисаҳои воқеиятро мефаҳмонанд: ба ту гуфтам, аз вай гирифтам, Барот ва Барно китобро хонданд.
Нидо бо хусусиятҳои хоси худ ва ба калимаҳои дигар надоштани алоқаи синтаксисӣ гурӯҳи алоҳидаро ташкил медиҳад.
Аз ҳиссаҳои нутқ исм, сифат, шумора ва ҷонишин аҳамият ва маънои номӣ дошта, исм — предметро, сифат — аломати предметро, шумора — миқдори предметро бо адад мефаҳмонад, ҷонишин бошад, ба ҷои исм, сифат ва шумора омада метавонад. Бинобар ин исм, сифат, шумора ва ҷонишинро ҳиссаҳои номии нутқ меноманд.
Забони адабии тоҷик яке аз қадимтарин забонҳои ҷаҳон буда, таърихи хеле бой дорад ва роҳи печ дар печу дуру дарозро тай намудааст.
Революцияи Кабири Социалистии Октябр дар қатори дигар халқҳои Ватанамон халқи меҳнаткаши тоҷикро низ аз зулму шиканҷаи истисморкунандагон абадӣ озод намуд. Туфайли ин ҳодисаи оламшумули таърихӣ халқи тоҷик ҳамчун миллати социалистӣ ташаккул ёфт, соҳиби давлати социалистии худ гардид. Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ва маданият дар Тоҷикистон ба таври мислаш дар таърих диданашуда инкишоф ёфтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё