Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

меёбанд ва ба қатори калимаҳои умумихалқӣ дохил мегарданд.
Худи ҳамин факт гувоҳи он аст, ки ҳудуди доираи калимаҳои умумихалқӣ, шевагӣ ва соҳавию касбӣ устувор набуда, дар тараққию тағйироти ҳамешагӣ аст. Масалан, як қатор калимаҳои лексикаи умумихалқиро номбар кардан мумкин аст, ки тамоман ё дар ягон маънои алоҳидаи худ мафҳумҳои ҷудогонаи ягон соҳаи илм ё касбу ҳунарро ифода мекардагӣ шудаанд: ҷумла — 1. ҳама, 2. термини грамматикӣ; замон — 1. вақт, давра, 2. термини морфологӣ-грамматикӣ; кор — 1. амал, шуғл ва ғайра. 2. як қисм аз матои бофташуда (дар касби бофандагӣ); харак — 1. хари хурд, 2. нишастгоҳи махсус, ки аз чӯб ё тахта сохта мешавад, 3. чӯбчаи рахкашидашуда, ки мувозинати торҳои асбобҳои мусиқиро нигоҳ медорад; ришта — 1. тори бофтаҳои пахтагӣ ё абрешимӣ, 2. номи касалӣ дар Бухорои пешазреволюционӣ, ки аз истеъмоли обҳои чиркини ҳавзҳо сар мезад; ош — 1. таом, хӯрок, 2. ош додан — дабоғати пӯст.

ЛЕКСИКАИ ШЕВАҲО

Як гурӯҳ лексикаи аз ҷиҳати доираи истеъмол маҳдудро диалектизмҳо (аз калимаи юнонии dialektos — намуди маҳаллии забон; шева, лаҳҷа) ташкил мекунанд. Диалектизмҳо хоси ягон намуди маҳаллии ин ё он забони муайян мебошанд, ки дар нутқи намояндагони ҳамон маҳал истеъмол мешаванд ва дар шакли калимаву ибораҳое, ки ба ҷиҳатҳои хоси фонетикӣ, морфологӣ ё лексикии намуди маҳаллии забон соҳибанд, намудор мегарданд. Диалектизмҳо аз доираи нормаҳои забони адабии умумихалқӣ берунанд ва ҳангоми дар байни лексикаи фаҳмои умумихалқӣ истеъмол шуданашон ҳамчун калимаву ибораҳои номафҳуми бегона ба назар мерасанд.
Диалектизмҳо аз рӯи он ки нисбат ба ҳодисаҳои лексикӣ-грамматикии забони умумихалқӣ чӣ гуна хусусиятҳои забони маҳаллии шеваро зоҳир менамоянд, ба хелҳои зерин тақсим мешаванд:

  1. Диалектизмҳои фонетикӣ, ки хусусиятҳои системаи овозии забони шеваи муайянро инъикос менамоянд (дарозтар ё кӯтоҳтар талаффуз шудани садонокҳо, ба ҷои овози маълуми калима омадани овози дигар, ҳодисаҳои ассимиляция, диссимиляция, метатеза ва ғайра). Ҳодисаҳои фонетикӣ дар структураи овозии калимаҳо зоҳир мегарданд ва ба ин восита худи ҳамин калимаҳо аз шаклҳои маъмули забони адабии умумихалқӣ фарқ мекунонанд. Масалан: чишм (чашм); декдӯн//дегдун (дегдон); авҳол (аҳвол) (дар лаҳҷаҳои Мастчоҳ).
пешина
аз 457
навбатӣ