Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Забони адабии ҳозираи тоҷик дар натиҷаи тараққиёти хоҷагии халқ, алалхусус илм, маданият ва адабиёт, барои инкишоф ва бойшавӣ имкониятҳои пурра пайдо кард, таркиби луғавии он аз ҳисоби калимаҳои нав бой гардид, сохти грамматикиаш такмил ёфт.
Корҳои ташвиқоту тарғибот дар байни аҳолӣ ба воситаи радио дар тамоми республика ба роҳ монда шуд, санъати театрӣ дар байни омма хеле инкишоф ёфт, матбуоти даврагӣ низ пеш рафт, ки ин ҳама барои баланд бардоштани савияи дониши меҳнаткашон ёрии калон расониданд. Ҳамаи мактабҳо бо программа ва китобҳои дарсӣ, аз ҷумла бо китобҳои дарсии забон ва адабиёт, таъмин гардиданд, махсусан таъмин карда шудани студентони шӯъбаҳои забон ва адабиёти тоҷик бо китобҳои дарсии грамматика ва адабиёти тоҷик, нашр шудани луғатҳои калони русӣ-тоҷикӣ ва тоҷикӣ-русӣ, асарҳои нависандагон ва шоирони тоҷик, хусусан, ба забони тоҷикӣ тарҷума карда шудани асарҳои классикони марксизм-ленинизм, адабиёти классикӣ ва ҳозираи рус ва адабиёти дигар халқҳои бародар муваффақиятҳои калон ва хеле муҳими пешрафти ҳаёти мадании халқи тоҷик ба шумор мераванд.
Дар роҳи инкишофи забони миллати тоҷик хизмати нависандагони советии тоҷик: С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, А. Деҳотӣ, М. Миршакар, Ҷ. Икромӣ, Р. Ҷалил, Ҳ. Карим, М. Раҳимӣ, Б. Раҳимзода ва дигарон басо калон аст.
Хизмати асосгузори адабиёти советии тоҷик Садриддин Айнӣ дар соҳаи тараққиёти забони ҳозираи тоҷик беҳамтост. Вай аз як тараф, бо асарҳояш ба бойшавии таркиби луғавӣ, такомули баъзе ҷиҳатҳои сохти грамматикии забон ҳиссаи арзанда гузошта бошад, аз тарафи дигар, дар матбуот барои тараққиёти минбаъдаи забони адабии ҳозираи тоҷик ва тозагии он бо як қатор мақолаҳо баромад кардааст. С. Айнӣ ҳамеша ба муқобили равияи аз ҳад зиёд ба забон дохил намудани унсурҳои жаргону «калимаҳои кӯчагӣ» мубориза мебурд. Вай аз тамоми боигарии забони адабиёти классикӣ ва шеваю лаҳҷаҳои халқии тоҷик истифода бурда, дурдонаҳои беҳтарини онро ба хазинаи забони адабии имрӯзаи тоҷик дохил кардааст.
Асоси забони адабии миллии тоҷикро забони адабии ҳазорсолаи халқи тоҷик ташкил медиҳад. Дар забони адабии миллии тоҷик калимаҳо, қонуну қоидаҳои морфология, ҳама гуна типи ҷумлаҳо, ки дар синтаксис таърихан ҷой дошта, хусусиятҳои хоси забонро инъикос менамоянд, истифода шудаанд ва процесси такмил ва инкишофи забони адабии миллии тоҷик аз ҳисоби забони адабиёти классикии тоҷик давом дорад.
Забони зинда сарчашмаи дигари забони адабии тоҷик ба шумор меравад. Боиси қайд аст, ки аз асосгузори адабиёти классикии тоҷик — Абуабдулло Рӯдакӣ сар карда, то рӯзҳои мо бештари шоирон ва нависандагони тоҷик забони бои халқро манбаи асосии забони осори худ қарор дода, аз дурдонаҳои он истифода бурда, забон ва воситаҳои тасвири бадеиро бой ва услуби осори худро суфта ва равон кардаанд. Нависандагони советии тоҷик ҳам аз забони бои халқ доимо истифода мебаранд, зеро забони зинда дар бобати инкишофи забони адабии ҳозираи тоҷик роҳи муҳим мебозад.
Яке аз сарчашмаҳои муҳими тараққиёти забони миллати социалистии тоҷик забони халқи кабири рус ба шумор меравад. Халқи меҳнаткаши тоҷик аз замонҳои қадим бо халқи рус робитаи дӯстӣ доштанро орзу менамуд. Маорифпарварони бузурги он: А. Дониш, Т. Асирӣ, С. Айнӣ ва дигарҳо омӯхтани забони русиро ҳаётан муҳим ва хеле зарур мешумориданд.
Халқи мо аз ибтидои Ҳокимияти Советӣ ба он орзуи деринаи худ ноил гардид. Дар Тоҷикистон чун дар дигар республикаҳои Иттифоқи Советӣ забони русиро бо шавқу ҳавас ва муҳаббати калон меомӯзанд. Бинобар он забони русӣ барои халқи тоҷик кайҳо дар амал забони дуюми модарӣ гаштааст. Дар ин солҳо миқдори зиёди унсурҳои луғавӣ ва грамматикии забони русӣ ба забони адабии ҳозираи тоҷик бо роҳҳои гуногун дохил гардидаанд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё