Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Дар «Луғати фурс» ҳар гуна лексика, аз он ҷумла, бисьёр калимаҳои гуфтугӯ ва шевагии Осиёи Миёна мавҷуд аст, ки ба форсизабонони Озарбойҷон ва шимоли ғарбии Эрон маълум набуданд.
Нусхаи қадимтарини пурраи «Луғати фурс» зиёда аз ҳазор калимаро дар бар мегирад; дар нусхаҳои дигар то ду ҳазор калима ҷамъ шудааст.
Калимаҳои эзоҳшаванда дар «Луғати фурс» мувофиқи тартиби алфабити ҳарфҳои охир ҷой гирифтаанд, чунки ин луғат на фақат барои хондани ашъори шоирони Мовароуннаҳр ва Хуросони асрҳои X—XI, балки барои он низ тартиб дода шудааст, ки шоирон калимаҳои матлубро ба зудӣ ёфта тавонанд. Ба ҳамин тариқ, ин луғат вазифаи ҳам луғати тафсирӣ ва ҳам луғати қофияҳоро адо мекард. Ҳамаи ин ба паҳншавии лексикаи хоси Осиёи Миёна дар сарзаминҳои дигари форсизабон — Озарбойҷон ва Эрон ёрӣ мерасонад.
То асри XVI луғатҳои тафсирӣ мувофиқи ҳамин принцип тартиб дода мешуданд, ки ин барои унификацияи лексикаи забони адабии форсии дарӣ аҳамияти калон дошт. Баъд аз «Луғати фурс» то аввали асри XIV луғатҳои тафсирӣ маҳфуз намонданд.
Луғати дигар, ки то замони мо расидааст, «Сиҳоҳ-ул-фурс»-и Муҳаммад ибни Ҳиндушоҳи Нахҷавонӣ мебошад. Ин луғат дар соли 1327, дар шаҳри Табрез тартиб дода шудааст ва моҳиятан давоми «Луғати фурс»-и Асадии Тӯсӣ мебошад. Ба ғайр аз лексикаи «Луғати фурс» (аз асарҳои шоирони асри X—XI) ба луғати Нахҷавонӣ бисьёр калимаҳо аз назми Низомӣ, Ҳоқонӣ, Саъдӣ ва дигар шоирони асрҳои XII — аввалҳои асри XIV дохил шудааст ва миқдори калимаҳо дар «Сиҳоҳ-ул-фурс» то 2300 мерасад. Дар ин луғат калимаҳо мувофиқи тартиби ҳарфҳои якум, дуюм ва охир ҷой дода шудаанд, ки ин истифодаи луғатро хеле осон мекунад.
«Сиҳоҳ-ул-фурс» яке аз сарчашмаҳои мӯътабарини лексикографӣ ҳисоб меёбад, ки лексикаи назми форсӣ-тоҷикии давраи аввали мавҷудияти онро (асрҳои X—XII) тафсир мекунад. Ҳардуи ин луғат барои таълифи луғатҳои баъдинаи зиёде ҳамчун асос хизмат кардаанд.
«Сиҳоҳ-ул-фурс» дар соли 1962, дар Теҳрон бо саъю кӯшиши Абдулалии Тоатӣ нашр гардидааст.
Аз асри XV сар карда, то асри XIX луғатҳои зиёди тафсирӣ — фарҳангҳо тасниф шудаанд. Дар поён дар бораи баъзе аз фарҳангҳои муҳим ва машҳур мухтасар маълумот дода мешавад.
«Муайид-ул-фузало»-и Муҳаммад ибни Лоди Деҳлавӣ. Ин фарҳанг соли 1519 дар Ҳиндустон таълиф шудааст. Дар ин фарҳанг лексика ба се фасл ҷудо мешавад: арабӣ, форсӣ-тоҷикӣ, туркӣ. Аммо фасли туркӣ нисбатан хурд аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё