Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Чуноне ки худи муаллиф дар муқаддима менависад, луғати ӯ барои хондани асарҳои Фирддавсӣ, Низомӣ, Ҳоқонӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва шоирони намоёни дигар тартиб дода шудааст. Ғайр аз ин ба фарҳанг миқдори зиёди лексикаи соҳавӣ ва профессионалӣ дохил гардидааст, ки муаллифи фарҳанг онро аз худи мутахассисон ва намояндагони касбҳои гуногун, инчунин, аз намояндагони табақаҳои гуногуни аҳолӣ: шоирон, мунаҷҷимон, табибон, фақеҳон, сӯфиён, мусиқачиён, раммонон ва ғайра ҷамъ кардааст. Ин ҷиҳати фарҳанг имконият медод, ки адабиёти насрии соҳавӣ ва илмии онвақта низ ба осонӣ хонда шавад.

Дар «Муайид-ул-фузало» инчунин ибораҳои рехта ва иди омаҳо оварда шудаанд. Масалан: «Се навбат, яъне кӯдакӣ, ҷавонӣ ва пирӣ». Дар фарҳанг ибораҳои ташбеҳӣ ва истиоравӣ низ бисёранд. Масалан, фақат барои ифодаи офтоб мисли чашмаи оташ, шоҳи шарқ ё машриқ, султони ахтарон, Юсуфи рӯз, чароғи осмон, нони заррин ва даҳҳо истиораҳо оварда шудаанд.

«Муайид-ул-фузало» дар охири асри XIX, дар Ҳиндустон нашр (чопи сангӣ) шуда буд. Нашри нави он ҳанӯз мавҷуд нест.

«Кашф-ул-луғот ва-л-истилоҳот»-и Абдураҳим ибни Аҳмади Сури Биҳорӣ дар Ҳиндустон, дар охири асри XVI таълиф шудааст. Ин фарҳанг, ки бо номи мухтасари «Кашф-ул-луғот» шуҳрат дорад, мувофиқи ҳарфи якум ва охири калимаҳо тартиб ёфта, зиёда аз 20 ҳазор калимаро дар бар мегирад.

Дар «Кашф-ул-луғот» лексикаи гуногун тафсир ёфтааст. Бисёр калима ва ибораҳои рехтаи форсӣ-тоҷикӣ гирд оварда шудаанд.

Чунончи: «Фарҳанг — адаб ва дониш ва бузургӣ ва низ номи китобе, ки дар илми луғат бошад ва аксари ӯ форсӣ бувад».

«Заврақи симин — моҳи нав».

«Заврақи заррин — офтоб».

«Зи нав то кӯҳан — яъне аз ҷавон то пир».

Қисми муҳим ва миқдори калони лексикаи «Кашф-ул-луғот»-ро калимаҳои арабӣ, махсусан истилоҳоти гуногун, ташкил медиҳанд. Дар ин фарҳанг миқдори зиёди лексикаи фалсафӣ ва тасаввуфӣ, инчунин бисёр номҳои шахсии одамони машҳури таърихӣ ва афсонавӣ, номҳои географӣ ва ғайра шарҳу эзоҳ ёфтаанд. Аз ин луғат номҳои зиёди намояндагони олами наботот ва ҳайвонотро пайдо кардан мумкин аст, чунки баъзе ин гуна калимаҳо дар Ҳиндустон номаълум ва ё кам маълум буданд.

«Сапедор (ва сипедор) — номи яке аз он бехи дарахт, ки бор надорад ва дар вилояти Мовароуннаҳр бисёр бошад, хусусан дар Самарқанд».

пешина
аз 457
навбатӣ