Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Муҳаммад Ғиёсиддин ба ҷуз маънидоди калимаву ибораҳо ҳамчунин шакли онҳоро таҳлил карда, ҳамеша кӯшиш мекунад, ки талаффузи дурусти онро муайян намояд. Дар фарҳанг қайдҳо, таҳқиқоти этимологӣ ва эзоҳоти мухталифи калимаҳо қимати босазо доранд.

Хизмати муаллифи «Ғиёс-ул-луғот» дар эзоҳи фразеологияи душворфаҳм низ назаррас аст. Дар асар ба ҷуз баъзе истисноҳо мисол оварда намешавад, ба ҷои онҳо ҳаволаҳо ба фарҳангҳо ва сарчашмаҳои сершумори истифодашуда дода мешаванд.

«Ғиёс-ул-луғот» бештар ба «Кашф-ул-луғот» шабоҳат дорад, аммо савияи илмии «Ғиёс-ул-луғот» баландтар аст, ки ба муваффақияти илму фани 250 соли баъди таълифи «Кашф-ул-луғот» вобаста аст. Дар «Ғиёс-ул-луғот» калимаҳои шубҳанок қариб нест, аммо дар «Кашф-ул-луғот» ин гуна калимаҳо ҳастанд (масалан, зебиш — зебой, зиҳиш — офарин, таҳсин, ки манбаъ ва сарчашмаи онҳо номаълум аст). Дар «Ғиёс-ул-луғот» бар хилофи «Кашф-ул-луғот» шаклҳои хоси арабӣ, ки фақат дар забони арабӣ истифода мешаванд, мушоҳида намешавад.

Савияи филологии «Ғиёс-ул-луғот» аз «Бурҳони қотеъ» хеле баланд аст, ки дар мисоли зерин дидан мумкин аст.

«Бурҳони қотеъ»: «Сапедор — муҳаффафи (яъне мухтасаршудаи) сапеддор аст ва он аз ҷумлаи дарахтони бесамар аст ва навъе аз бед бошад».

«Ғиёс-ул-луғот»: «Сапедор — дарахте бошад хушқомат, ки бор надорад, дар асл сапеддор буд, чун ду ҳарф аз як ҷинс воқеъ мешаванд, як ҳарфро соқит созонанд, аз қабили сапедев, ки дар асл сапеддев буд, чаро ки чӯби он сапед бошад — (аз «Фарҳанги Рашидӣ» ва «Фарҳанги Сурурӣ»).

«Ғиёс-ул-луғот» борҳо ба воситаи чопи сангӣ дар Ҳиндустон, Эрон ва Осиёи Миёна дар охири асри XIX ва аввали асри XX нашр гардидааст. Чопи нави он ҳам ҳаст, ки дар Эрон аз тарафи Дабири Сиёқӣ ба табъ расидааст (с. 1958).

Фарҳанги фразеологӣ

Воҳидҳои фразеологӣ — ибораҳои рехтаи гуногун, идиомаҳо, таркибҳои устувор дар бисёр фарҳангҳо, масалан, дар «Кашф-ул-луғот», «Бурҳони қотеъ», «Ғиёс-ул-луғот» ва ғайра каму беш мавҷуданд, аммо баъзе фарҳангҳо бештар ибораҳои фразеологиро дар бар мегиранд, дар онҳо луғот — калимаҳои содда ё сохта ва мураккаб нисбатан кам дода мешаванд.

Дар баъзе фарҳангҳо, аз ҷумла дар «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ» ва «Фарҳанги Рашидӣ» ибораҳои фразеологӣ дар охир ё фаслҳои алоҳидаи фарҳанг эзоҳ меёбанд, аммо фарҳангҳое,

пешина
аз 457
навбатӣ