Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

ки фақат фразеологияро дар бар гирифта бошанд, дар лексикографияи пешина дида намешаванд. Бинобар ин баъзе фарҳангҳоро шартан фарҳангҳои фразеологӣ гуфта метавонем, зеро фразеологияи онҳо аксарияти воҳидҳои луғавиро ташкил медиҳад. «Мусталаҳот-уш-шуаро» таълифи Муҳаққиқ Вораста (охири асри XVII — аввали асри XVIII), «Чароғи ҳидоят»-и Сироҷиддин Алихони Орзу (с. 1735), «Баҳори Аҷам» — таълифи Текчанд Баҳор (с. 1739) аз қабили ин фарҳангҳоанд.

«Чароғи ҳидоят» таълифи Сироҷиддин Алихон мутахаллис ба Орзу (вафоташ с. 1756) мебошад.

Фарҳанг воҳидҳои гуногуни фразеологӣ, идиомаҳо, таркибҳо, маҷоз, киноя, инчунин калимаҳои содда, сохта ва мураккабро, ки аз асарҳои манзум гирифта шудаанд, дар бар мегирад. «Чароғи ҳидоят» барои эзоҳи фразеологияи душвори асарҳои манзум таълиф шудааст. Дар фарҳанг аз осори шоирони машҳур: Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ, Муҳаммад Исҳоқи Шавкат, Соиб ва дигарон, инчунин аз асарҳои шоирони на он қадар машҳури форсинависи Ҳиндустон мисолҳо оварда мешавад.

Муаллиф фақат ибораҳои фразеологиеро дохил кардааст, ки дар фарҳангҳои пештар мавҷуд набуданд ё шарҳу эзоҳи онҳо муаллифро қонеъ накардааст. Барои намуна як-ду ибораи фразеологиро аз «Чароғи ҳидоят» меорем:

«Рӯбоҳ дар тала дорад — яъне кораш хотирҳоҳ аст».

«Сабз шудани сухан — ба вуқӯъ овардани он чӣ гуфта шуд...».

«Косаи гармтар аз ош — масалест дар ҳаққи шахсе, ки барои кори дигаре, ки соҳиби муомила бошад, аз ӯ гармтар бувад гӯянд. Ваҳид гӯяд:

Ба ишқаш маро сӯхт дил аз талош,
Бувад гармтар косаи ман зи ош».

«Чароғи ҳидоят» борҳо аз чоп баромадааст. Чопи нави он дар Теҳрон аз тарафи Муҳаммад Дабири Сиёқӣ (с. 1962) дастрас шудааст.

«Баҳори Аҷам» (с. 1739) таълифи Рой Текчанд мутахаллис ба Баҳор (сокини Ҳиндустон) буда, яке аз беҳтарин фарҳангҳои калонҳаҷми пешина аст, ки дар он асосан фразеология шарҳу эзоҳ меёбад. Дар «Баҳори Аҷам» зиёда аз 25 ҳазор воҳидҳои луғавӣ тафсир мешаванд, ки нисбат ба фарҳангҳои пеш таълифшуда зиёд аст. Муаллиф фарҳанги худро дар асоси мисолҳо (аз назм ва баъзан аз наср) таълиф намудааст, ки онҳо барои тасдиқи маънидоди луғатҳо аҳамияти махсусе доранд. Куллиёт ва девонҳое, ки муаллиф аз онҳо истифода намудааст, ба 77 номгӯй мерасад. Ғайр аз ин муаллиф аз даҳҳо асарҳои гуногун ва тазкираҳо истифода

пешина
аз 457
навбатӣ