Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан
  1. Аксар калимаҳо бе ҳеҷ тағйирот қабул шудаанд: Совет, коммунизм, партия, социализм, республика ва ғ.

  2. Силсилаи калимаҳои ихтисора ба тариқи зерин ҳамчун дар русӣ ба забони тоҷикӣ дохил шудаанд: колхоз, райком, комсомол, СССР, КПСС ва ғ.

  3. Морфемаҳои -ов, -ев, -ова, -ева ба охири номҳо ҳамроҳ шуда, фамилия месозанд: Усмонов, Аҳмадов, Ҷӯраев, Ҳалимова, Тоҷиева ва ғ.

  4. Номи шахс, ки ба ҷинси занона мансуб аст, дар забони адабии ҳозираи тоҷик ду хел ифода карда мешавад:
    а) суффикси -ка бо калимаҳо якҷоя аз забони русӣ ба забони адабии ҳозираи тоҷик дохил шудааст: комсомолка, пионерка, студентка ва ғ.
    б) бо роҳи сохтани калимаҳои мураккаб: комсомолдухтар, пионердухтар.

  5. Бо таъсири забони русӣ дар забони тоҷикӣ калимаҳои тамоман нав — калькаҳо пайдо шуданд: худтанқидкунӣ, худидоракунӣ, азназаргузаронӣ, томактабӣ.

  6. Калимаҳое, ки аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ дохил шудаанду мувофиқи қонунҳои грамматикии забони тоҷикӣ аз онҳо калимаҳои нав сохта мешавад, ба расмият даромадаанд:
    а) аз калимаҳои русии «коллективизация» дар забони тоҷикӣ чунин калимаҳо пайдо шуданд: коллективонидан, коллективонӣ, коллектившавӣ;
    б) аз калимаи «колхоз» — колхозӣ, колхозчӣ, колхозчизан, колхозонидан ва ғ.

  7. Дар забони адабии ҳозираи тоҷик феълҳои таркибии нав кор фармуда мешаванд, ки аз калимаи асосӣ — русӣ ва аз феъли ёридиҳандаи тоҷикӣ сохта мешаванд: телефон кардан, сигнал додан ва ғ.

  8. Қоидаҳои имло (орфография) ва аломатҳои китобат (пунктуация) пеш аз революсия кор карда нашуда буданд. Бинобар он дар китобҳои чопӣ ва махсусан дар дасткависҳо, ки дар асоси хати арабӣ навишта мешуданд, аломатҳои китобат (нуқта, вергул, савол, хитоб ва ғайра) қариб кор фармуда намешуданд. Дар ибтидои асри ХХ дар баъзе асарҳои бадеӣ ва илмӣ ду-се навъи аломатҳои китобат (нуқта, хитоб, қавс ва ғ.) ба кор бурда шуда бошанд ҳам, қонуну қоидаи қатъӣ надоштанд. Набудани аломатҳои китобат, илова бар ин хати ниҳоят душвор, ба хонанда басо мушкил буда, одатан ба хато фаҳмидани матнҳо оварда мерасонд.

Таҷрибаи бои олимони забоншиноси русӣ омӯхта, хусусиятҳои ба худ хоси забони тоҷикиро ба назар гирифта, ҳоло маҷмӯи қоидаҳои имло ва пунктуация барои мактаби миёна тартиб дода шудааст.

  1. Тарҷумаҳои зиёди аз русӣ ба тоҷикӣ, чи тавре ки дар боло қайд карда шуд, ба сохти грамматикии забони тоҷикӣ таъсири самарабахш расониданд.

  2. Дар натиҷаи таъсири самарабахши забони русӣ дар забони тоҷикӣ типҳои нави ҷумлаҳои содда ба вуҷуд омаданд. Ба ин муносибат дар солҳои охир сохти синтаксисии забони миллии тоҷик бой, суфта ва равон гашт.

Илми забоншиносии тоҷик дар солҳои Ҳокимияти Советӣ ба муваффақиятҳои хеле калон соҳиб гашт ва мо ба ин комёбиҳо маҳз ба туфайли ёрӣ ва хизматҳои шоҳани олимони шарқшиноси рус М. С. Андреев, А. А. Семёнов, И. И. Зарубин, Е. Э. Бертельс, А. А. Фрейман, А. Н. Болдырев, М. Н. Боголюбов, В. С. Соколова, В. С. Расторгуева ва дигарон ноил гардидем. Ин олимон тадқиқотчиёни нахустини соҳаи забони тоҷикӣ буда, аз як тараф, худашон бевосита дар соҳаи забоншиносии тоҷик корҳои тадқиқотӣ бурда бошанд, аз тарафи дигар, аз худи тоҷикон кадрҳои забоншинос тарбия намуда ба воя расониданд.

пешина
аз 457
навбатӣ