Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

ТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

советии тоҷик буда, дар фарҳангҳои пештара дида намешавад ё ки бошад ҳам дар тафсир ё шакли ибораҳои фразеологӣ каму беш фарқ мекунад. Масалан, дар «Чароғи ҳидоят» — «гургоштӣ — сулҳи ба иттифоқ ва оштии зоҳирӣ» бо байте аз ашъори Муҳсини Таъсир, ки дар он дар шакли «гургоштӣ кардан» аст, оварда мешавад, аммо дар «Фарҳанги ибораҳои рехта» «гургоштӣ кунондан — ду касро рӯякӣ ба муросо овардан» бо мисолҳо аз асарҳои С. Айнӣ қайду эзоҳ ёфтааст.

Ибораҳои нав, ки фақат дар замонҳои охир, маҳз бо ташаббуси Айнӣ дар асарҳои насрӣ ва назмии нависандагони советии тоҷик кор фармуда шудаанд, дар фарҳанг гирд омадаанд.

Дар фарҳангҳои пештара мисолҳо ҳамчун қоида аз назм оварда мешуданд, намунаҳо аз наср фақат ба таври истисно мушоҳида мегарданд. Дар «Фарҳанги ибораҳои рехта» мисолҳо асосан аз наср гирифта шудаанд, зеро ки дар забони асарҳои мансур барои айнан кор фармудани ибораҳои забони зинда имконият зиёдтар аст.

Дар «Муқаддима»-и фарҳанг як силсила масъалаҳои муҳими фразеологияи тоҷикӣ таҳқиқ шудааст.

«Фарҳанги ибораҳои рехта» сарчашмаи муҳими лексикографӣ ва лексикологӣ ба шумор меравад.

«Фарҳанги забони тоҷикӣ» (аз асри X то ибтидои асри XX), ки дар зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ соли 1969 дар Москва чоп шуд, аз ду ҷилд иборат буда, тақрибан 45 ҳазор калима ва ибораро дар бар мегирад. «Фарҳанг» якумин луғати тафсирии забони адабии пешазреволюционии тоҷик буда, боигариҳои назму насри форсу тоҷикро аз асри X то аввали асри XX дар бар гирифтааст, ва дар асоси сарчашмаҳои зиёди адабӣ мураттаб ёфтааст. Ба «Фарҳанг» қисми зиёди лексика ва фразеология аз асарҳои насрӣ бо мисол дохил шудааст, ки дар лексикографияи пешина дида намешавад. Ҳиссаи муҳими лексикаи «Фарҳанг»-ро калима ва ибораҳои адабиёти асрҳои XV — аввалҳои асри XX, алалхусус, намуна аз осори Восифӣ, Исмати Бухороӣ, Сайидои Насафӣ, Шавкати Бухороӣ, Шоҳин, Савдо, Аҳмади Дониш, Туғрал ва дигарон ташкил медиҳанд. Қисми зиёди лексика дар фарҳангҳои тореволюционӣ дохил нашуда буд.

Баробари калимаҳои эзоҳшаванда шакли арабӣ ва асли баромади калимаҳо низ қайд шудааст.

Тафсири қариб ҳамаи калима ва ибораҳо дар «Фарҳанг» бо мисолҳо шарҳ ёфтааст, ки онҳо на фақат маънои калима, балки ҳамчун намунаҳои барҷастаи давраҳои гуногуни инкишофи забони тоҷикӣ, рангорангии услуб, жанр ва ғ. хизмат мекунанд.

пешина
аз 457
навбатӣ