Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Терминҳои илми табиатшиносӣ, астрономия ва ғ. аз лексикаи анъанавӣ, асосан аз забони арабӣ, омадаанд. Мисли Аторӯд, Асад, Ҳамал, Сунбула ва ҳоказо. Қимати дигари «Луғати тоҷикӣ-русӣ» дар лексикографияи тоҷик он аст, ки дар луғат лексика ва фразеологияи хоси тоҷикӣ, ки фақат дар забони тоҷикӣ мавҷуд буда, дар забони форсии Эрон дида намешавад, ҷойгир шудааст. Лексикаи мазкур асосан аз ду қисм иборат аст:

Якум, калима ва ибораҳои хоси тоҷикӣ, ки аз қадим боз вирди забони тоҷикон буда, дар фарҳангҳои пешина дохил карда нашудаанд, монандӣ гап, барор, барор гирифтан, барвақт, боб, боб кардан, бардошт, корам, замини корам, нокорам, лалмӣ, муросо, муросокор, муросогӣ ва ғ. Баъзе аз ин гуна калимаҳо дар луғатҳои пештара дохил шуда бошанд ҳам, маънояш фарқ мекунад. Масалан, калимаи гап дар «Баҳори Аҷам» ин тавр эзоҳ ёфтааст:

«Гап — суханони рангини бомаза, ки зарифон бо ҳам кунанд....» Ба ин гурӯҳ ҳамчунин калимаҳои маҳсулнокӣ, маҳсулотбарорӣ, барқароркунӣ ва ғ. дохил мешаванд, ки асосан дар давраи советӣ ташаккул ёфтаанд.

Дуюм, терминологияи интернатсионалӣ ва тоҷикӣ-интернатсионалӣ, монандӣ романнавис, партиявӣ, колхозчӣ ва ғ. Ин қисми лексика дар фарҳангҳои тореволюционӣ вуҷуд надошт.

«Фарҳанги ибораҳои рехтаи забони ҳозираи тоҷик» (Фарҳанги фразеологӣ). Тартибидиҳанда М. Фозилов, ҷ. I—II, с. 1963-64.

Дар давраи тоинқилобӣ фарҳангҳои фразеологияи махсус (ба маънои пурраи ин ифода) мавҷуд набуд. Дар фарҳангҳои пешина қисми асосии воҳидҳои луғавии эзоҳшавандаро ибораҳои рехта, фразеология ташкил медиҳанд. Баробари фразеология дар фарҳангҳо калимаҳои алоҳида, терминҳо, калимаҳои сохта ва мураккаб низ бисёр дида мешаванд. Ин ҳолат табиӣ буд, зеро ки мафҳуми «фразеология»-и ибораҳои рехта дар он вақт ба дараҷаи илми имрӯза муайян набуд. Аз ин рӯ, «Фарҳанги ибораҳои рехта»-и М. Фозилов дар таърихи фарҳангнависии тоҷик якумин китоби луғат аст, ки комилан ба фразеология бахшида шудааст.

Дар «Фарҳанги ибораҳои рехта» қисми асосии фразеологияи имрӯзаи тоҷик ба тартиби лексикографии ҳозиразамон эзоҳ дода шудааст. Ба ҳар як маъно аз асарҳои нависандагони советии тоҷик С. Айнӣ, М. Турсунзода, С. Улуғзода, Р. Ҷалил, Ҷ. Икромӣ, А. Деҳотӣ, Ҳаким Карим, Ф. Ниёзӣ, А. Сидқӣ, М. Аминзода, Ф. Муҳаммадиев аз мақолаҳои илмӣ-оммавӣ ва қисман аз матбуот намуна оварда мешавад.

Қисми зиёди ибораҳои рехтаи фарҳанг хоси забон ва адабиёти

пешина
аз 457
навбатӣ