Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
ФОНЕТИКА
Фонетика яке аз бобҳои муҳимтарини илми забоншиносӣ буда, дар бораи овозҳои нутқ баҳс мекунад. Ин баҳс воситаҳои ба вуҷуд омадани нутқ, хусусиятҳои шунавоии (акустикии) овозҳо, қонунияти тағйирёбӣ ва вазифаҳои онҳоро дар бар мегирад.
Мақсаду методи омӯзиши фонетикаро ба ҳисоб гирифта, онро ба навъҳои зерин ҷудо мекунанд: а) фонетикаи умумӣ, б) фонетикаи таърихӣ, в) фонетикаи таҷрибавӣ (экспериментӣ), г) фонетикаи баёнӣ.
Фонетикаи умумӣ имконияти овозии органҳои нутқи инсонро ба таври умумӣ меомӯзад. Масолеҳро фонетикаи умумӣ аз забонҳои гуногун гирифта, табиати овозҳои садонок ва ҳамсадоҳо, қоидаҳои умумии ҳиҷоҳоро муайян мекунад, хусусияти мухталифи задаҳоро меомӯзад, оид ба мафҳуми фонемаҳо ва тобишҳои онҳо баҳс карда, тафовути байни овозҳоро ба таври илмӣ нишон медиҳад.
Фонетикаи таърихӣ дар бораи тағйирот ва инкишофи тадриҷӣ ва дуру дарози таърихии системаи овозии забони муайяне баҳс мекунад. Фонетикаи таърихӣ ҷараёни тағйироти овозҳои алоҳидаи ин ё он забонро муқаррар мекунад, таъсири он тағйиротро ба системаи овозии забон шарҳ медиҳад ва маҳсули чандин давраи гузаштаи таърихӣ будани системаи овозии забони ҳозираро равшан менамояд.
Масолеҳи асосии фонетикаи таърихӣ материалҳои фонетикии забони ҳозира, муқоисаи ин материалҳо бо ҳодисаҳои гуногуни овозии лаҳҷаҳо ва муқоисаи ҳодисаҳои алоҳидаи фонетикии худи лаҳҷаҳо мебошад. Навиштаҳои қадимӣ ва баъзе хусусиятҳои фонетикии забонҳои хеш низ аз масолеҳи фонетикаи таърихист. Ҳамаи ин фактҳо, пеш аз ҳама, барои муқоиса ва бо ин роҳ баровардани хулосаҳои илмӣ, яъне барои аз нав барқароркунии ҳолати қадимии овозҳои ҷудогона ва системаи овозии забон лозиманд.
Фонетикаи таҷрибавӣ (экспериментӣ) ҳодисаҳои овозии нутқро ба воситаи асбобҳо, ҷиҳози гуногун меомӯзад. Бо ёрии асбобҳои техникӣ мумкин аст, ки овозҳои алоҳида ва таркибҳои овозӣ айнан сабт гарданд ва омӯхта шаванд. Фонетикаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё