Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

таҷрибавӣ барои омӯхтани ҷиҳати шунавоӣ ва физиологии овозҳои нутқ роли муҳим мебозад.

Фонетикаи баёнӣ системаи овозии забони ҳозираро меомӯзад. Фонетикаи баёнӣ аз натиҷаҳои фонетикаҳои умумӣ, таърихӣ ва таҷрибавӣ ба таври васеъ истифода мекунад. Фонетикаи баёнӣ ҳам ба он фонетикаҳо аз далелу қоидаҳои худ материал медиҳад. Ҳамаи навъҳои фонетика ба ҳамдигар робитаи мустаҳками илмӣ доранд.

Фонетикае, ки мавзӯи баҳси мо қарор гирифтааст, ба забони адабии ҳозираи тоҷик тааллуқ дорад. Бинобар ин материали ин фонетика фактҳои овозии забони адабии ҳозираи тоҷик мебошад. Фонетикаи баёнӣ системаи овозии нутқро ҳамчун ҳодисаи мураккаби таърихӣ объекти тадқиқи худ қарор медиҳад ва он монанди ҳар як факти иҷтимоӣ тағйирёбанда аст, яъне ҳолати имрӯзаи системаи овозӣ маҳсули тараққӣ ва инкишофи давраҳои дуру дарозе буда, баъзе ҷиҳатҳои он кӯҳна шудаанд ва аҳамияти пешинами худро кам кардаанд; ана ҳамин ҷиҳатҳои кӯҳнашуда бо ҳодисаҳои зиндаву муҳими имрӯза якҷоя амал мекунанд.

Фонетика ҷиҳати овозии нутқи инсонро меомӯзад. Мазриди баҳси он воҳидҳои овозии нутқ мебошанд. Ҳиҷо ва роҳҳои ташаккулёбии он, задаи калима ва интонацияро низ фонетика меомӯзад. Фонетика бо хусусиятҳои хоси худ аз грамматика, ки ҷумла; ибора, шаклҳои морфологии калима ва морфемаҳоро меомӯзад, фарқ мекунад. Грамматика бо воҳидҳои маънодори забон кор дорад. Фонетика бо овозҳои нутқ сарукор дорад ва ҳеҷ кадоми онҳо маънии (семантикаи) забониро ифода намекунад. Дар воқеъ, овозҳои, масалан, т, м, ш дар шуури мо ягон маънӣ ё мафҳуми грамматикиро ифода намекунанд. Аммо овозҳо масолеҳи моддии нутқ мебошанд. Ба ибораи дигар, онҳо қишри (пӯсти) овозии калима ва шаклҳои грамматикии нутқанд. Вобастагии фонетикаю грамматика ҳам дар ҳамин аст.

Ҳамаи овозҳои нутқ ба воситаи ҳавои аз шушбароянда пайдо мешаванд.

Овози алоҳидаи нутқ воҳиди кӯтоҳтарини забон аст, ки ҳангоми калимаро тартибан ба ҳиссаҳои хурдтарин тақсим кардан ҷудо мешавад. Ҳар як овози нутқ хусусияти шунавой ва физиологӣ дорад.

Овозҳои нутқро ба ду гурӯҳи калон — овозҳои садонок ва овозҳои ҳамсадо тақсим мекунанд.

Овозҳои садонок ва овозҳои ҳамсадо бо аломатҳои зерин аз ҳам фарқ мекунанд:

  1. Ҳамаи овозҳои садонок бо садо ташаккул меёбанд, овозҳои ҳамсадо бо шавшув ба вуҷуд меоянд. Масалан, овози садоноки а ва овози ҳамсадои ш-ро талаффӯз карда, тарзи ба амал омадани онҳоро муқоиса кунед, ин гуфтаҳо равшан мегарданд.
пешина
аз 457
навбатӣ