Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
- Ҳиссаи болоӣ. Ҳамаи олатҳои нутқ, ки аз ҳалқ боло ҷо гирифтаанд.
Олатҳои поёнии нутқ. Овози нутқ дар натиҷаи ларзишу такон хӯрдани ҳавои аз шушбароянда ба вуҷуд меояд. Вақти нутқ кардан ҷараёни ҳавои аз шушбароянда нисбат ба ҷараёни ҳавои нафасбарории муқаррарӣ калонтар мешавад.
Дар қафаси сина (дар сандуқи дил) шуш ҷойгир аст, ки он узви асосии нафаскашӣ ва нафасбарорӣ мебошад. Бофтаҳои шуш аз пуфакчаҳои бисёр нозуки мулоиму майда иборатанд. Ин пуфакчаҳо бо найчаҳои борики бисёре ба ҳам пайваст шудаанд. Ин найчаҳо ба ҳам пайванд шуда, тадриҷан ғафс мешаванд ва дар охир аз онҳо дар ду тарафи шуш ду наи нисбатан калонтаре пайдо шуда, нӯгҳои онҳо ба хирной ва гулӯ мебарояд. Нафаскашӣ бо ёрии мушаки байни қабурғаҳо, ки ба он шуш пайванд аст, ба амал меояд. Ҳангоми нафаскашӣ қабурғаҳо аз ҳам дур мешаванд, дар натиҷа мушакҳо ҳам таранг шуда шушро калон мекушоянд. Ҳамин процесс нафаскашӣ мебошад. Ғайр аз ин дар нафаскашӣ вазифаи диафрагма (пардаи миёнаи ковокии синаву шикам) калон аст. Вақти нафаскашӣ диафрагма паҳн ва ба самти поён кашида мешавад. Дар натиҷа қафаси сина кушодатар ва ҳаво ба шуш кашида мешавад. Ҳангоми нафасбарорӣ, баръакс, мушаки қабурға ва диафрагмаҳо озод шуда ба ҷои аввалааш бармегардад ва дар натиҷа шуш фушурда ва ҳаҷми он хурд мешавад — қисми ҳаво аз даруни вай ба воситаи хирною ҳалқ ва даҳону бинӣ берун мебарояд. Кори шуш ба кори дами оҳангарон каме монандӣ дорад.
Дар ҳиссаи поёнии олатҳои нутқ овози ба вуҷуд намеояд.
Ҳалқ. Ҳиссаи дуюми (ё ҳиссаи васатии) олатҳои нутқ ҳалқ мебошад. Ҳалқ аз тағояк ва бофтаҳои нарм иборат аст. Ҷои он пешғаҳи гардан аст. Аз пеш ва аз ду паҳлу (чапу рост) бо ангушт ламс карда фаҳмидан мумкин аст.
Ҳалқ аз боло ба пешғаҳи даҳон ва аз поён ба хирной пайваст аст. Аз паҳлуҳои ҳалқ рагҳои калони гардан ва асабҳо мегузаранд ва аз ақиби он сурхрӯда — роҳи хӯрок мегузарад. Ҳангоми нутқ ва махсусан вақти хӯрокфурӯдиҳӣ ҳалқ болою поён ҳаракат мекунад. Аз тарафи беруни ҳалқ бо тағояки сипарак (сипармоҳанд) пайҳо ва пӯсти гардан иҳота шудааст. Аз тарафи дарун бо пардаи нарму луобӣ пӯшонида шудааст. Бадани ҳалқ якчанд тағояки хурду калон дорад. Онҳо бо ҳам пайваст буда, ба воситаи пайҳо ҳаракат мекунанд.
Тағояки сипарак тағояки аз ҳама калони баданаи ҳалқ аст. Он ба ду сипари ба ҳам пайванд шабоҳат дорад. Узри дар гулӯ ҷаста баромадани онро хекиртак меноманд. Ин тағоякро бо ангушт ламс карда фаҳмидан осон аст. Ҳам аз боло ва ҳам аз поён ҳар як тағояк ҷастагиҳое дорад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё