Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
-
Ҳангоми ташаккул ёфтани овозҳои садонок ҷараёни ҳаво аз шуш бе мамоният, танҳо ба садопардаҳо бархӯрда мебарояд, органҳои нутқ аз ҳамдигар ҷудо меистанд, аммо вақти талаффузи ҳамсадоҳо онҳо ба ҳам мечаспанд ва ё ба ҳамдигар бисёр наздик мешаванд. Ҳамин тариқ, ҷараёни ҳавои аз шушбароянда ба монеа дучор мешавад. Масалан, мо овози садоноки о-ро талаффуз кунем, роҳи ҷараёни ҳаво боз аст, аммо овози ҳамсадои т-ро талаффуз кунем, нӯги забон ба дандонҳои пеш мечаспад ва вақти талаффузи ҳамсадои с забон паҳн шуда ба ком наздик мешавад.
-
Вақти ташаккулъёбии овози садонок ҳамаи органҳои нутқ нисбатан таранг мешаванд ва, баръакс, ҳангоми талаффузи овози ҳамсадо органҳои нутқ озод буда, фақат дар маҳраҷи ин ва ё он овози ҳамсадо тарангшавӣ ба вуҷуд меояд. Барои исботи ин гуфтаҳо талаффузи садоноки и-ро бо талаффузи ҳамсадои н муқоиса кардан кофист. Ҳангоми талаффузи и ҳамаи органҳои нутқ каму беш таранг мешаванд, аммо вақти талаффузи н фақат маҳраҷи он, яъне нӯги забон таранг шуда, бо охири пеши кому дандонҳои боло мечаспад.
-
Ҳангоми ташаккул ёфтани овози садонок ҷараёни ҳавои аз шушбароянда нисбатан суст аст, аммо вақти ташаккулъёбии овозҳои ҳамсадо ҷараёни ҳаво пурқувваттар ва шиддатноктар мешавад. Дар воқеъ талаффузи, масалан, садоноки а-ро бо талаффузи ҳамсадои п муқоиса кунем, фарқи шиддати ҷараёни ҳавои аз шушбароянда, ки дар вақти талаффузи овози охирин хеле шиддатнок аст, аёнтар мегардад.
ОЛОТИ НУТҚ
Дар ҷараёни ба амал омадани нутқ узвҳои зиёди инсон иштирок доранд.
Ҳамаи узвҳои инсонро, ки дар ташаккулъёбии нутқ иштирок мекунанд, олатҳои нутқ меноманд. Олатҳои нутқ аз лаб, дандон, забон, ком, забонча, тилчак, фарохии даҳон, фарохии бинӣ, пешгаҳи даҳон, ҳалқ, хирной, бронх, шуш, диафрагма иборатанд.
Роли мағзи сар ё ба ибораи дигар, системаи марказии асаб, ки ҳамаи органҳои нутқро идора мекунад, хеле муҳим аст.
Дар забоншиносӣ ҳамаи узвҳоеро, ки ба воситаи онҳо нутқ ба вуҷуд меояд, одатан ба се ҳисса тақсим мекунанд:
-
Ҳиссаи поёнӣ. Ҳамаи олатҳои нутқ, ки дар поёни ҳалқ ҷой гирифтаанд.
-
Ҳиссаи васатӣ. Ҳалқ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё