Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

ҷастагиҳои болоӣ ба устухони зеризабонӣ ва ҷастагиҳои поёнӣ бошад, ба тағояки ангуштаринмонанд пайванданд.

Тағояки ангуштаринмонанд таҳкурсии ҳамаи ҳалқ гуфтан мумкин аст. Он монанди ангуштарин доирашакл мебошад. Тарафи ғафси (нигини) тағояки ангуштаринмонанд дар ақиб ва тарафи борикаш дар пеш аст. Тағояки ангуштаринмонанд дар поёни тағояки сипарак ҷой дошта, ба ҷастагиҳои он пайванд аст. Дар болои қисми ғафси тағояки ангуштаринмонанд ҷои банде воқеъ аст, ки дар ҳамон ҷо тағояки ангуштаринмонанд бо тағояки аҳромӣ пайванд мешаванд.

Тағояки аҳромӣ дуто буда, шаклан ҳар якашон ба аҳроми сепарай монанд мебошанд. Нӯгашон ба боло равона буда, аз поён ба қисми ғафси тағояки ангуштаринмонанд часпидааст.

Тағояки нӯги ҳалқ ё ки тағояки забонмонанд шаклан ба забон шабоҳат дорад. Нӯгаш монанди нӯги забон озод буда, ба боло ва ақиб ҳаракат мекунад. Он аз поён ба тағояки сипарак часпидааст. Тағояк вақти хӯрокхӯрӣ ба ақиб ҳаракат карда, ба нӯгаш сӯрохи ҳалқ (хирной)-ро монанди клапан мепӯшонад. Ҳангоми нафаскашӣ ва нафасбарорӣ баръакс боло бардошта шуда, роҳи ҳаворо боз мекунад.

Садопарда аз ду мушаки чиндори ёзандаву ғуншаванда иборат аст. Мушакҳо ҳаҷман баробар буда, нӯгҳояшон ба кунҷи дохилии тағояки сипарак часпидаанд ва дар ҳамин ҷо ба ҳам расида меистанд. Аз поён ҳар кадоми он ба яке аз тағоякҳои аҳромӣ пайванд мебошад. Ҳамин тариқ, садопардаҳо дар ҳалқ кӯндаланг, аз пеш ба ақиб дар вазъияти уфуқӣ ҷой гирифтаанд. Азбаски ин тағоякҳо муҳарриканд, садопардаҳои онҳо пайванд ҳам метавонанд вазъи худро тағйир диҳанд. Агар садопардаҳо ғун шаванд, он гоҳ онҳо ба ҳамдигар наздик мегарданд. Бо тағйирёбии шаклу вазъи садопардаҳо шаклу ҳаҷми сӯрохии байни онҳо, ки сӯрохии садо ном дорад, низ тағйир меёбад.

Садо дар натиҷаи ларзиши садопардаҳо ба вуҷуд меояд. Ларзиши садопардаҳоро бошад, ҷараёни ҳавои аз шушбароянда ба амал меорад. Ларзиши садопардаҳо чунин сурат мегирад: ҷараёни ҳавои аз шуш ба воситаи хирной ва тағояки ангуштаринмонадбароянда ба садопардаҳои зичи пӯшидашуда дучор мешавад ва бо зӯр садопардаҳоро тақон дода, ба тадриҷ аз байни онҳо (сӯрохии садо) берун мебарояд — ин таконхӯрӣ бо суръат (дар як сония аз 80 то 130 бор) такрор меёбад. Садо ҳам натиҷаи ҳамин таконхӯрӣ ва ларзиш аст. Ҳангоми нафаскашию нафасбарории муқаррарӣ сӯрохии садо кушода буда, ҳаво аз он бемалол ба поён (вақти нафаскашӣ) ва ба боло (вақти нафасбарорӣ) ҷараён мешавад. Ҳангоми нафаскашӣ васегии сӯрохи садо нисбат ба васегии вақти

пешина
аз 457
навбатӣ