Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

нафасбарорӣ калонтар мешавад. Табиист, ки дар ин сурат садо ба вуҷуд намеояд.

Дар ин асос метавон гуфт, ки садопардаҳо* дар процесси ба вуҷуд омадани садои нутқ вазифаи асосиро иҷро мекунанд.

Олатҳои болоии нутқ. Ҳиссаи сеюми олатҳои нутқ аз ҳалқ боло ҷой гирифтаанд. Ин ҳиссаи олатҳои нутқ аз се резонатор: холигии пешғаҳи даҳон, холигии даҳон ва холигии бинӣ иборат буда, дар онҳо тобишҳои гуногуни овозҳои садонок ва ҳамсадо ба вуҷуд меоянд.

Дар холигии даҳон аз олатҳои мутаҳаррики нутқ забон, лаб, коми нарм, забонча ва ҷоғи поён, аз олатҳои сокити (ғайримутаҳаррики) нутқ дандон ва ҷоғи боло бо вораю милки дандон қарор гирифтаанд.

Забон аз нуқтаи назари фонетика лаҳми гӯшт нест. Сохти он хеле мураккаб буда, аз гиреҳи мушаки ба ҳам пайваст иборат аст. Бинобар ин вай ба зудӣ шакли худро тағйир дода метавонад. Қисми алоҳидаи забон махсусан, қисми пеши он метавонад ҳаракат кунад (нӯги забон тезҳаракаткунанда аст). Ин хусусияти забон барои зуд тағйир додани ҳаҷм ва характери резонатор (холигии даҳон) хеле муҳим аст.

Забон — аз нӯг ва қафи забон иборат буда, беҳи он ба устухони зеризабонӣ пайванд аст. Қафи забонҳо дар фонетика ба се қисм:

  1. паси забон (қисми забон, ки муқобили коми нарм воқеъ аст);

  2. байни забон (ин қисми забон муқобили коми сахт ҷой гирифтааст);

  3. пеши забон (бо нӯги забон) ҷудо мекунанд.

Лабҳо низ аз олатҳои тезҳаракаткунандаи нутқ ба шумор мераванд. Лабҳо лӯлае мебошанд, ки онҳоро доираи мушакии лаб ба вуҷуд овардааст. Ин мушакҳо лабҳоро ба вазъияти гуногун медароранд. Ҳангоми талаффузи овозҳои садонок ба воситаи ҳаракати мушак лабҳо ё ғун шуда ба шакли доира медароранд, ё ёзида паҳн мешаванд. Вақти талаффузи овозҳои ҳамсадо лабҳо ба ҳам наздик шуда ғафс мешаванд, ё таранг шуда сӯрохӣ ба вуҷуд меоранд. Дар натиҷа ё овозҳои тарканда, ё овозҳои ҳамсадои роғи лабӣ ба вуҷуд меоранд. Вақти талаффузи овозҳои ҳамсадои лабу дандонӣ лаби поёнӣ ба дандонҳои пеши болой расида меистад. Умуман, лаби поёнӣ нисбат ба лаби болой мутаҳарриктар мебошад. Шаклу вазъияти лабҳо барои муайян кардани характери умумии овозҳои нутқ муҳим аст.

Коми нарм низ олати мутаҳаррики нутқ аст. Коми нарм аз мушакҳо сохта шуда, давоми коми сахт аст. Дар охири миёнаи он забонча ҷой гирифтааст. Коми нарм бо ёрии мушақҳо

пешина
аз 457
навбатӣ