Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

болою поён шуда, ҳаҷм ва шакли резонатори даҳонро тағйир медиҳад.

Забонча шакли қонусӣ дошта, давоми (охири) коми нарм аст. Он дар миёнаи охири коми нарм монандӣ ғуҷуми ангур овезон аст. Вақте ки забонча бо коми нарм ба паст ҳаракат мекунад, роҳи ҷараёни ҳаво ба холигии бинӣ кушода шуда, ҳаво аз холигии бинӣ хориҷ мешавад.

Коми сахт аз олатҳои сокити нутқ аст. Он аз вораи болоӣ сар шуда, то коми нарм давом мекунад, шакли гунбазӣ дорад.

Холигии бинӣ низ монандӣ холигии даҳону пешгоҳи даҳон резонатор аст. Фарқи холигии бинӣ ҳамчун резонатор аз резонаторҳои дигар (даҳону пешгоҳи даҳон) ин аст, ки шаклу ҳаҷми ин резонатор тағйир намеёбад. Вақти талаффузи баъзе овозҳо (м ва н) коми нарм бо забонча суст шуда поён мефарояд ва бо ҳамин сӯрохии холигии бинӣ кушода мешавад ва қисми ҳавои аз ҳалқ берунбароянда ба воситаи холигии бинӣ хориҷ мегардад. Дар натиҷа овози талаффузшаванда тобиши димоғӣ мегирад.

Олатҳои нутқро ба ду гурӯҳ: олатҳои мутаҳаррики нутқ ва олатҳои сокити (ё ғайримутаҳаррики) нутқ ҷудо мекунанд. Узвҳое, ки вақти талаффузи овоз ҳаракат мекунанд, олатҳои мутаҳаррики нутқ ва узвҳое, ки ҳангоми талаффуз беҳаракатанд, олатҳои сокити (ё ки ғайримутаҳаррики) нутқ мебошанд.

Забон, лаб, коми нарм бо забончааш ва садопардаҳо олатҳои мутаҳаррики нутқ буда, дандонҳо (дандонҳои пеш), вора, коми сахт олатҳои сокити нутқ мебошанд.

Барои таснифоти овозҳо олатҳои нутқро ба ду гурӯҳ — ба мутаҳаррик ва сокит тақсим кардан зарур аст. Ҳамин тавр шуш бо диафрагмаю ҳирной ҷараёни ҳаво ба қисми болоии олатҳои нутқ медиҳад, ки он барои пайдоиши овозҳои мухталиф ҳамчун қувваи муҳаррик хизмат мекунад.

Ҳалқ бо садопардаҳо манбаи овозҳо мебошад.

Даҳон бо дигар олатҳои нутқии дар даҳонбуда ва холигии бинӣ ба овозҳо тобиши гуногун медиҳад.

ОВОЗҲОИ НУТҚ ВА ТАСНИФИ ОНҲО

Овозҳои нутқ ҳодисаи физикианд. Овоз дар натиҷаи ларзишу таконхӯрии ҷисм ба вуҷуд омада, ба воситаи ҳаво ҳамчун мавҷҳои овоз ба гӯши мо мерасад.

Овозҳои нутқ ҳодисаи физиологӣ низ мебошад, зеро онҳо ба воситаи олатҳои нутқ пайдо шуда, ба воситаи узвҳои махсуси инсон шунида мешаванд.

Овозҳои нутқ ва умуман нутқ фикри инсонро ифода мекунанд, овозҳои нутқ қишри моддии тафаккур мебошанд. Бинобар ин овозҳои нутқро ҳодисаи рӯҳӣ-иҷтимоӣ ҳам донистан

пешина
аз 457
навбатӣ