Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

мумкин аст. Масалан, овоз-калимаи ӯ-ро, ки ҷонишини шахсӣ аст, бо овози гуногун талаффуз кунем ҳам, аз нуқтаи назари лингвистӣ вай боз ҳамон ҷонишини шахсӣ ва ҳамон овоз боқӣ мемонад. Аммо аз нуқтаи назари физиологӣ (биологӣ) ва физикӣ характери он тағьир меёбад.

Нутқ таърихан маҳсули ҳаёти иҷтимоии инсон, воситаи мубодилаи афкор аст. Аз ин нуқтаи назар, овозҳои нутқ ҳодисаи иҷтимоӣ аст. Ин ҷиҳати асосӣ ва муҳимтарини овозҳои нутқ мебошад.

Олатҳои нутқи инсон қодир аст овозҳои мухталифро ба вуҷуд оварад. Аммо дар ҳар забон овозҳои нутқ ба типҳои овозии на чандон зиёд муттаҳид мешаванд. Агар сухан дар бораи овози алоҳидаи нутқ равад, он гоҳ ҳамин типҳоро ба назар мегиранд. Ин типҳои нутқро фонема меноманд. Овозе, ки типи алоҳидаи нутқро ба вуҷуд меорад, тобиши (варианти) гуногуни типи овозӣ, яъне фонема мебошад.

Хусусияти овозҳои нутқ гуногун мебошад. Онҳоро мувофиқи хусусияти умумиашон ба синфҳои алоҳида тақсим мекунанд, яъне ҳамаи овозҳои нутқро ба гурӯҳҳо ва ин гурӯҳҳоро ба гурӯҳчаҳо ҷудо мекунанд. Ин тақсимоти овозҳои нутқро таснифи овозҳои нутқ меноманд.

Овозҳои нутқро аз рӯи кори садопардаҳо ба овозҳои ҷарангдор ва беҷаранг ҷудо мекунанд. Вақти талаффузи овозҳои ҷарангдор садопардаҳо таранг шуда, ба ҳам наздик мешаванд, дар натиҷаи фишори ҷараёни ҳавои аз шушбароянда меларзанд ва садо пайдо мешавад. Агар ҷараёни муназзами ҳавои аз шушбароянда баъд аз ларзиши садопарда ва сӯрохии он гузашта дар пешгаҳ ва холигии даҳон ба монеа дучор нашавад, овозҳои садонок ба вуҷуд меоянд. Ва агар ҷараёни ҳаво дар пешгаҳи даҳон ва ё дар холигии даҳон ба мамоният дучор шавад, ҳамсадои ҷарангдор ба вуҷуд меоянд. Характери инфиродии овозҳои садонокро резонаторҳо муайян мекунанд, аммо характери овози ҳамсадои ҷарангдор ба олатҳои ҷудогонаи пешгаҳи даҳон ва холигии даҳон вобаста аст.

Ҳангоми талаффузи овозҳои ҳамсадои беҷаранг садопардаҳо озод буда, намеларзанд, сӯрохии садо кушода аст ва ҷараёни ҳаво аз он бемалол мегузарад, аммо ин ҷараён дар холигии пешгаҳи даҳон ва холигии даҳон ба монеа ва молишҳои гуногун дучор меояд, ки ин мамоният ва молишҳо характери асосии ҳар як овози ҳамсадои беҷарангро муайян мекунанд.

Таснифи овозҳои садонок

Дар забони тоҷикӣ шаш овози (фонемаи) садонок ҳаст. Овозҳои садонок дар даҳон дар натиҷаи корҳои забону лабҳо (онҳо ба холигии даҳон шакл ва ҳаҷми гуногун мебахшанд)

пешина
аз 457
навбатӣ