Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

ба характери ба худ хоси тембрҳо моликанд. Азбаски шаклу ҳаҷми резонатори даҳон ба вазъияти лабу забон вобаста аст, таснифи овозҳои садонок ҳам ба лабу забон сахт марбут аст. Ҳангоми талаффузи садонокҳо лабҳо ғун шуда доира-шакл, ё ба ҳам наздик мешаванд, ки дар натиҷа ду кунҷи лаб пайдо мешавад. Вобаста ба ин тағйирот дар резонатори даҳонӣ ҳам дигаргунӣ ба вуҷуд меояд. Шаклу ҳаҷми холигии даҳон дар натиҷаи болою паст ва пасу пеш ҳаракат кардани забон тағйир меёбад ва аз ин сабаб ҳар як овози садонок ба хусусияти худ соҳиб мешавад, яъне овозҳои садоноки мухталифи нутқ пайдо мешавад. Бино ба гуфтаҳои болой овозҳои садонок аз рӯи чунин асосҳо тасниф мешаванд:

  1. Мувофиқи иштироки лабҳо;

  2. Аз рӯи дараҷаҳои боло бардошта шудани забон;

  3. Мувофиқи ҷои барҷастагии забон, ки ҳангоми пасу пеш ҳаракат кардани он пайдо мешавад.

Дар ташкили садонокҳо вазъияти лабҳо роли муайян мебозад. Ҳангоми талаффузи баъзе садонокҳо лабҳо ғун шуда, шакли доираро мегиранд ва каму беш пеш мебароянд. Дар натиҷа даҳон сӯрохӣ пайдо мекунад, масалан, ҳангоми талаффузи садоноки у. Чунин садонокҳоро овозҳои садоноки лабӣ меноманд. Ҳангоми талаффузи баъзе садонокҳо, масалан, и кунҷи лабҳо аз ҳам дур мешавад. Садонокҳоеро, ки дар чунин вазъияти лабу даҳон ба вуҷуд меоянд, овозҳои садоноки ғайрилаби меноманд.

Дар ташаккули талаффузи овозҳои садонок вазифаи за-бон хеле муҳим аст. Вақти талаффузи садонокҳо дараҷаи барҷастагӣ ва ба коми боло наздикшавии забон гуногун ме-шавад. Аз рӯи ба боло бардошташавии забон садонокҳоро ба се навъ ҷудо мекунанд: агар вақти талаффузи садонок қафи забон ба боло бардошта, фароҳии байни забону ком кам монад, садоноки камфарох (масалан, садоноки и) ба ву-ҷуд меояд, агар вақти талаффузи садонок забон ба боло ҷан-дон бардошта нашуда, фароҳии даҳон калон нашавад, ово-зи садоноки фарох (масалан, а) пайдо мешавад, ҳангоми та-лаффузи баъзе овозҳои садонок (масалан, садоноки э) қафи забон то андозае боло бардошта шуда, дар холигии даҳон ҳо-лати нимфарохӣ ба вуҷуд меояд. Садонокеро, ки дар ин ҳо-лати забон пайдо мешавад, овози садоноки нимфарох мено-манд.

Аз ин рӯ, пайдоиши овозҳои садоноки камфарох, нимфа-рох ва фарох ба поёну боло шудани қафи забон, яъне ба ҳа-ракати вертикалии забон вобаста мебошад. Забон бо ин ҳа-ракати худ ҳаҷми фароҳии байни забону коми болоро хурду калон мекунад.

Овозҳои садонок вобаста ба пасу пеш (горизонталӣ) ҳара-кат кардани забон ҳам ба се навъ ҷудо мешаванд. Ин такси-мот ба мувофиқати ҷои барҷастагии забон, ки дар ҳолати

пешина
аз 457
навбатӣ