Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

ҳаракати горизонталии забон ба вуҷуд меояд, хос аст. Аз рӯи ин тақсимот садонокҳо ба овозҳои садоноки қатори пеш ё нӯгизабонӣ (масалан, садоноки и), овози садоноки қатори миёна ё миёнизабонӣ (садоноки ӯ) ва овози садоноки қатори ақиб ё пасизабонӣ (садоноки у) ҷудо мешаванд.

Ҳангоми талаффузи овозҳои садоноки нӯгизабонӣ танаи забон пеш омада, нӯги забон ба дандонҳои поёнӣ мечаспад ва миёнаи кафи забон баланд мешавад. Вақти ташаккули овози садоноки пасизабонӣ танаи забон ақиб меравад ва паси забон ба самти коми нарм бардошта шуда, нӯги забон аз дандонҳо дур мешавад. Ҳангоми ташаккули овозҳои садоноки миёнизабонӣ забон ҳолати миёнагӣ — байни ҳолатҳои нӯгизабонию пасизабониро мегирад. Дар ташаккули ин навъ садонокҳо забон аз дандонҳо каме дур мемонад. Тамоми кафи забон (на танҳо нӯг ё паси забон) ба самти ком бардошта мешавад.

Хусусиятҳои овозии садоноки алоҳида

Чунон ки дар боло гуфта шуд, дар забони адабии тоҷик шаш овози асосии (фонемаи садоноки) типӣ мавҷуд буда, ҳар яке он дар нутқ чандин тобиш — вариант доранд. Фонемаҳо мувофиқи он ки ба задаи калима чӣ гуна муносибат доранд (худашон бо зада талаффуз мешаванд ё не, аз ҳиҷоҳои бо зада талаффузшаванда чӣ қадар фосила доранд, дар калима пеш аз ҳиҷои заданок ё баъди он омадаанд ва дар ҳиҷо чӣ гуна вазъият доранд) тобишҳои гуногун пайдо мекунанд. Дар тағйиру тобиши фонемаҳои садонок ҳамсоягии ҳамсадоҳои гуногун низ аҳамияти калон дорад. Фонемаҳои ҳамсадои ҳамсоя ба характери фонемаҳои садонок каму беш таъсир расонда, тобишҳои махсус медиҳанд. Суръати нутқ ва оҳанги ҷумла ҳам ба фонемаҳо тобишҳои гуногун мебахшад.

Инак, хусусияти мухтасари овозҳои садоноки забони адабии тоҷик ва тарзи талаффузи онҳо:

Фонемаи а. Дар талаффузи ин овоз лабҳо иштирок намекунанд, ҷоғ поён фаромада, фароҳии даҳон калон мешавад. Дар вақти алоҳида талаффуз шудан забон ба худ ҳолати уфуқӣ (горизонталӣ) гирифта, каму беш ҳамвор ва паст мешавад, нӯги забон ба дандонҳои пасти пеш хеле наздик шуда поён мефарояд, вале сахту таранг намешавад.

Агар ин садонок бо зада гуфта шавад, андак дарозтар талаффуз мешавад, дар ин ҳолат забон каме ба ақиб кашида шуда, фонема тобиши пасизабонӣ пайдо мекунад. Ҳолати ба ақиб кашидашавии забон ҳангоми дар ҳамсоягӣ омадани

пешина
аз 457
навбатӣ