Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
фонемаи а бо овозҳои ҳамсадои пасизабонӣ ва ҳалқӣ низ равшан ҳис карда мешавад.
Фонемаи а пеш аз ъ (сакта) нисбатан дарозтар ва шиддатноктар талаффуз мешавад. Дар ҳиҷои баста пеш аз овози ҳ низ а шиддатноктар ва дарозтар гуфта мешавад, аммо на ба андозаи дарозии пеш аз ъ (сакта).
Фонемаи а дар ҳиҷои кушодаи якуми калима нисбатан кӯтоҳтар талаффуз мешавад (а-и ҳиҷоҳои якуми ва дуюми апа ва ана-ро муқоиса кунед). Дар чунин ҳолат фарохии даҳон ҳам андаке коста мешавад.
Агар фонемаи а дар ҳамсоягии баъзе ҳамсадоҳои роғ (ш, ж) талаффуз шавад, фарохии даҳон тангтар мешавад — забон ба боло бардошта шуда, ҳолати каму беш ҳамворро мегирад. Пеш аз изофа ҳам дар вақти талаффузи овози а ҷоғу забон ба коми боло бардошта шуда, ин садонок тобиши нимфароҳӣ мегирад ва нӯги забон ба пеш меравад.
Фонемаи а овози ғайрилабӣ, фарох ва нӯгизабонӣ мебошад.
Фонемаи э. Дар талаффузи ин фонема лабҳо иштирок намекунанд, забон паҳн шуда пеш меояд ва поён мефарояд. Аммо на ба андозае, ки дар вақти талаффузи а паст мехобад. Нӯги забон ба бехи дандонҳои поёнӣ пеш расида меистод.
Агар ин фонема дар калима бо зада талаффуз шавад ва ё танҳо ҳиҷо шуда ояд, дарозтар талаффуз мешавад.
Пеш аз ъ (сакта) э дароз ва шиддатноктар мешавад.
Ин овоз дар ҳиҷоҳои якуми калима одатан кӯтоҳ талаффуз мешавад, дар ин вақт забон ҳолати нимфароҳии тангро гирифта, ба камфароҳӣ наздик мешавад. Дар ҳиҷои якуми кушодаи калима кӯтоҳии талаффуз то ба дараҷаи номуайянии овоз мерасад, масалан, дар калимаи даҳот.
Овози э ғайрилабӣ, нӯгизабонӣ ва нимфарох аст.
Фонемаи и. Ин фонема ғайрилабӣ, нӯгизабонӣ ва камфарох аст. Дар талаффузи он нӯги забон ба дандонҳои поёни пеш ҷафс мешавад. Ҳангоми талаффузи и забон чандон таранг нашуда, кафи он каме ақиб меравад, шакли сӯрохии даҳон паҳн мешавад. Фонемаи и вобаста ба вазъияташ дар таркиби калима кӯтоҳ ва дароз талаффуз мешавад, ки термини и-и кӯтоҳ ва и-и дароз ба ҳамин чиз вобаста аст.
Дар ҳиҷои якуми калима, махсусан дар ҳиҷои кушода, фонемаи и то ба дараҷаи номуайянӣ кӯтоҳ ва норавшан мешавад, масалан, дар калимаҳои ситора, сипоҳ, китоб. Аммо дар чунин ҳолат агар пеш аз овози й биёяд, муайянии худро гум намекунад, масалан, дар калимаҳои пиёла, пиёз.
Ҳангоми талаффузи и-и дароз забон нисбатан таранг шуда, ба дандонҳои паҳлугии пеш ҷафс мешавад, қисми миёнаи кафи забон баланд ва фарохии даҳон хеле танг мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё