Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

И-и дароз нисбат ба и-и кӯтоҳ пӯшидатар аст. Нӯги забон нисбат ба ҳолати дар вақти талаффузи и-и кӯтоҳ доштанаш каме бардошта шуда ақибтар меояд.

Дар вақти талаффузи и-и дароз сӯрохии даҳон чандон паҳн нашуда, лабҳо таранг мешаванд, ки ин ҳолат ҳангоми талаффузи и-и кӯтоҳ мушоҳида намегардад.

И-и дароз дар забони тоҷикӣ дар аввали калима (ин, ид), дар миёнаи калима (шир, пир, бино) ва дар охири калима (тӯтӣ) меояд.

Ба ҷои и-и дароз талаффуз кардани и-и кӯтоҳ ё баръакс калимаро гӯшхарош мекунад. Муқоиса кунед:
ид — идома ин сон (ҳел) — инсон сир (пиёз) — сир (роз) бино (бинанда) — бино (иморат) биноии (хуб) — Бинойӣ (тахаллуси шоире).

И-и дароз дар ҳиҷои баста пеш аз овози ҳ ва ъ (сакта) намеояд.

Фонемаи о. Вақти талаффузи о забон ба ақиб кашида мешавад. Нӯги забон озод буда, андаке ба боло бардошта мешавад, лабҳо каме доирашакл шуда, ба пеш мебароянд, ҷоғ ва забон поён мефарояд, аз ин рӯ, ин фонемаро фонемаи пасизабонӣ, нимфарох ва лабӣ меноманд.

Овози о ҳангоми бо зада талаффуз шудан каме дароз ва шиддатноктар ифода мешавад (овозҳои о-и баъд аз б ва з омадаи калимаи бозорро бо ҳамдигар муқоиса кунед).

Дар вақти ҳиҷои алоҳида шуданаш ҳам о нисбатан дарозтар талаффуз меёбад. (о-и калимаҳои олам ва обро муқоиса кунед).

Фонемаи у.¹ Ин фонема овози садоноки лабӣ, камфарох, пасизабонӣ ва кӯтоҳ мебошад. Дар вақти талаффузи он бехи забон боло бардошта шуда, нӯги забон ба қисми поёнии дандонҳои поёни пеш мерасад. Лабҳо шакли доиравӣ гирифта, сӯрохии он хурд мешавад.

У дар ҳиҷои якуми калима нисбатан кӯтоҳ талаффуз мешавад (у-ҳои калимаи бузургворро ба ҳам муқоиса кунед).

__________ ¹ Баъзе рафиқони забоншинос аз ҷумла, муаллифи ин боб ва онҳое, ки дар бораи вазни арузи тоҷикӣ асарҳои илмӣ навиштаанд, овозҳои и-и дарозу кӯтоҳ ва у-и дарозу кӯтоҳро фонемаҳои алоҳида ба қалам дода, дар забони адабии тоҷик мавҷуд будани ҳашт фонемаи садонокро қайд намудаанд. Онҳо асосҳои зеринро зикр кардаанд:

  1. Дар забони тоҷикӣ калима ва морфемаҳое ҳастанд, ки бо дар таркиби овознашон доштани и-и дарозу кӯтоҳ ва у-и дарозу кӯтоҳ аз ҷиҳати маъно аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
  2. Агар овозҳои и ва у-и дарозу кӯтоҳро ба ҳисоб нагирем, шеърро тақтӯз кардан мумкин нест.
  3. Дуруст ба ҳисоб гирифтани таркиби овозӣ, вокализми забон, фаҳмидани моҳияту роли онҳо боиси дуруст талаффуз кардани калимаҳо ва дуруст хондани матн мегардад.
пешина
аз 457
навбатӣ