Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

У-и кӯтоҳ дар ҳиҷои баста одатан пеш аз овозҳои ҳ ва ъ (сакта) намеояд.

У-и дароз нисбат ба у-и кӯтоҳ дарозтар ва равшантар талаффуз мешавад (талаффузи у-и дурр (санги қиматбаҳо) ва калимаи пул (кӯпрук)-ро бо у-и калимаҳои дур (масофа), пул (маблағ) ва у-ҳои дарозу кӯтоҳи калимаи умумиро муқоиса кунед). Забон ҳангоми талаффузи у-и дароз нисбат ба ҳолати талаффузи у-и кӯтоҳ хеле таранг мешавад, лабҳо низ хеле таранг ва доирашакл шуда ба пеш мебароянд.

Овози садоноки ӯ. Фонемаи ӯ аз фонемаҳои садоноки лабӣ аст. Доираи лабҳо, ки дар вақти талаффузи он пайдо мешавад, нисбат ба доираи вақти талаффузи у пайдошаванда калонтар аст. Ин фонема миёнизабонӣ аст, зеро нӯги забон ба бехи дандонҳои поёни пеш расида меистад, вале таранг намешавад. Ҳангоми талаффузи ӯ забон ва лабҳо тахминан ҳолати байни артикуляцияи о ва у-ро мегиранд.

Ӯ нисбат ба у дарозтар талаффуз карда мешавад (тарзи талаффузи ӯ ва у-и калимаҳои зӯр ва зуд-ро муқоиса кунед).

Овози ӯ садоноки лабӣ, миёнизабонӣ ва нимфарох аст.

Таснифи овозҳои ҳамсадо

Овозҳои ҳамсадо мувофиқи вазъияти садопардаҳо, иштироки олатҳои нутқ, тарзи ба вуҷуд омадани онҳо тасниф мешаванд.

Таснифи ҳамсадоҳо мувофиқи вазъияти садопардаҳо. Дар
вақти талаффузи баъзе ҳамсадоҳо садопардаҳо таранг ва ба
ҳамдигар каму беш наздик мешаванд. Ҷараёни ҳавои аз шушбароянда бо фишор онҳоро ба дарзиш медарорад. Ин ҳолат
ҳангоми талаффузи ҳамсадоҳои ҷарангдори шовшувӣ рӯй
медиҳад. Баръакс, вақти талаффузи ҳамсадоҳои шовшувии

пешина
аз 457
навбатӣ