Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
беҷаранг сӯрохии садопардаҳо кушод буда, худи садопардаҳо озод мешаванд ва ларзиш надоранд. Дар вақти талаффузи баъзе овозҳои ҳамсадои ҷарангнок садопардаҳо ба ларзиш медароянд, аммо шавшуви онҳо хеле кам аст, ин хел ҳамсадоҳо сонант номида мешаванд. Сонантҳои тоҷикӣ л, м, н, р мебошанд.
Овозҳои ҳамсадои ҷарангдор инҳоянд: б, в, г, д, ж, з, р, н, м, л, й, ғ, ҷ.
Овозҳои ҳамсадои беҷаранг инҳоянд: к, п, с, т, ф, х, ц, ч, ш, қ, ҳ.
Аксарияти ҳамсадоҳои беҷаранг дорои ҷуфти ҷарангдор мебошанд. Маҳраҷи ҳар кадоми ин ҷуфтҳо як буда, фарқашон фақат дар ларзидан ва наларзидани садопардаҳо ҳангоми талаффуз мебошад (дар вақти талаффузи ҷарангдорҳо садопардаҳо меларзанд).
Касоне, ки бо шунидан ҳамсадоҳои ҷарангдору беҷаранги ҷуфтро аз ҳамдигар ҷудо карда наметавонанд, бо истифодаи усулҳои зерин метавонанд онҳоро аз ҳам фарқ кунонанд:
-
Гӯшхоро бо даст пӯшида ҳамсадоҳоро талаффуз бояд кард. Дар вақти талаффузи овозҳои ҳамсадои ҷарангдор ғуввоси он овоз шунида мешавад ва баръакс, ҳангоми талаффузи ҳамсадои беҷаранг ғуввоси овоз шунида намешавад.
-
Чунон ки маълум аст, дар вақти талаффузи ҳамсадоҳои ҷарангдор садопардаҳо меларзанд, дар ин вақт агар ангушт ба ҳикиртак расонида шавад, ларзиши садопардаҳо ҳис карда мешавад.
Мувофиқи иштироки олатҳои фаъоли нутқ. Мувофиқи ҷои шавшув овозҳои ҳамсадо ба ҳамсадоҳои лабӣ, забонӣ ва ҳалқӣ тақсим мешаванд.
Овозҳои ҳамсадои лабӣ ба ду гурӯҳ: ба ҳамсадои дулабӣ (б, п, м) ва ҳамсадои лабу дандонӣ (в, ф) ҷудо мешаванд. Овозҳои гурӯҳи якумро барои он ҳамсадоҳои дулабӣ меноманд, ки дар талаффузи онҳо ду лаб ба ҳам часпида якбора аз ҳам ҷудо мешаванд. Ҳангоми талаффузи ҳамсадоҳои гурӯҳи дуюм лаби поён ба дандонҳои болои пеш расида боз ҷудо мешаванд, аз ҳамин сабаб ин ҳамсадоҳо лабу дандонӣ ном доранд.
Овозҳои ҳамсадои забонӣ ба ҳамсадоҳои нӯгизабонӣ, миёнизабонӣ, пасизабонӣ ва бехизабонӣ тақсим мешаванд.
Ҳамсадоҳои нӯгизабонӣ (д, ж, з, л, н, р, с, т, ц, ш, ҷ, ч) дар натиҷаи ба дандон ва вораҳои пеш наздик шудан ва ё расидани қисми пеши забон ба вуҷуд меоянд. Аз ҳамин сабаб ҳам ин гурӯҳи ҳамсадоҳои забониро овозҳои ҳамсадои нӯгизабонӣ (ва ё пешизабонӣ) меноманд. Ҳангоми талаффузи ҳамсадои й миёнаи кафи забон ба миёнаи ком наздик мешавад, бинобар ин ҳам ин овоз ҳамсадои миёнизабонӣ номида мешавад.
Дар вақти талаффузи ҳамсадоҳои г ва к кафи паси забо-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё