Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ҷадвали овозҳои ҳамсадои асосии забони адабии тоҷик

ну коми нарм ба ҳам наздик шуда, шавшуви муайянеро ба вуҷуд меоваранд. Дар ин асос онҳоро ҳамсадоҳои пасизабонӣ меноманд.

Ҳамсадоҳои х, ғ, қ дар охир ё ки бехи забон ба вуҷуд меоянд. Вақти талаффузи онҳо дар натиҷаи ба охири коми нарму забонча наздик шудани поёни (бехи) забон шавшув пайдо мешавад. Чунин ҳамсадоҳоро овозҳои ҳамсадои бехизабонӣ меномем.

Дар забони тоҷикӣ як овози ҳамсадои ҳалқӣ ҳаст, ки он ҳамсадои ҳ мебошад. Вақти талаффузи ин ҳамсадо дар ҳалқ шавшув пайдо мешавад, ки он дар натиҷаи каме ҷастани қисми ақиби ҳалқ ва тангтар шудани он ба амал меояд.

Таснифи овозҳои ҳамсадо мувофиқи тарзи ба вуҷуд омадани онҳо. Тарзи пайдо шудани овозҳои ҳамсадо ва характери

пешина
аз 457
навбатӣ