Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

ба вуҷуд омадани шавшувҳои овоз гуногун аст. Олотҳои фаъоли нутқ бо ёрии олотҳои ғайрифаъол дар роҳи ҷараёни ҳавои аз шушбароянда монеаҳои мухталифро ба вуҷуд меоранд. Ин монеаҳо аз рӯи хусусияташон ба чор гурӯҳ ҷудо мешаванд:

  1. Ба ҳам ниҳоят зич шудани олотҳои нутқ (масалан, ҳангоми талаффузи д).

  2. Зичу гузаронанда будани олотҳои нутқ: дар ин ҳолат бо вуҷуди монеаҳо дар ҷараёни ҳаво як қисми он ба воситаи сӯрохии бинӣ ва ё даҳон ҷорӣ мешавад (масалан, вақти талаффузи овозҳои л, н).

  3. Баҳамназдикшавии роҳи ҷараёни ҳавои аз шушбароянда танг кардани олотҳои нутқ (масалан, ҳангоми талаффузи овозҳои с, ғ).

  4. Ларзиши мунтазами нӯги забон (дар забони тоҷикӣ ин типи овоз фақат ҳамсадои р мебошад).

Мувофиқи тарзи пайдо шудани шавшувҳо ва характери онҳо овозҳои ҳамсадо ба ҳамсадоҳои зич, рах, аффриката, зичу рахнадор ва ларзон тақсим мешаванд.

Овозҳои ҳамсадои зич инҳоянд: б, д, г, к, п, т, қ. Ҳангоми талаффузи ҳамсадоҳои зич дар олотҳои нутқ ҷойҳои муайян ба ҳам зичтар шуда, ба ҷараёни ҳаво халал мерасонанд. Ҳавои аз шушбароянда сайъ мекунад, ки монеаро бартараф карда хориҷ шавад. Дар натиҷаи фишори ҷараён олотҳои нутқ якбора аз ҳам дур шуда, «таркиш» ба вуҷуд меояд. Ин таркиш ҳамсадои муайянеро ба вуҷуд меорад. Талаффузи ҳамсадоҳои зич аз се лаҳза: часпиш (ба ҳам часпидани олотҳои нутқ), давоми он (лаҳзаи баъди часпиш) ва таркиш (кушодашавии олотҳои нутқи ба ҳам часпида) иборат аст. Албатта, ин лаҳзаҳо хеле тез мегузарад, аз ҳамин сабаб ин типи ҳамсадоҳоро дар забоншиносӣ овозҳои онӣ ҳам меноманд.

Овозҳои ҳамсадои роғ дар забони тоҷикӣ инҳоянд: в, ж, з, й, ғ, с, х, ш, ҳ. Ҳангоми талаффузи ҳамсадои роғ олотҳои фаъоли нутқ ба олотҳои ғайрифаъол наздик мешаванд; дар натиҷа барои ҷараёни ҳавои аз шушбароянда раҳнаи танг пайдо шуда, ҷараёни ҳаво бо молиш аз монеаи сӯрохии танг хориҷ мешавад. Дар натиҷа овозҳои ҳамсадои роғ пайдо мешаванд. Бояд қайд кард, ки ҳамсадоҳои зичро кашида талаффуз кардан ҳаргиз имкон надорад, аммо ҳамсадоҳои роғро кашида талаффуз кардан мумкин аст.

Ҳар аффриката ду овози ҳамсадои бо ҳам часпидаро ба хотир меорад. Якумӣ ҳамсадои зич ва дуюмӣ ҳамсадои роғ мешавад. Дар забони адабии тоҷик се ҳамсадои аффриката ҳаст: ҷ (д-ж), ч (т-ш) ва ц (т-с). Азбаски аффрикатаҳо аз ду овози ҳамсадо ба вуҷуд меоранд, табиист, ки каму беш дорои хусусияти он овозҳо мебошанд.

Ҷараёни пайдоиши аффрикатаҳо чунин аст: олати нутки

пешина
аз 457
навбатӣ