Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

фаъол мамоният мерасонад, аммо пеш аз бавуҷудоии таркиш роғ пайдо шуда, ҷараёни ҳаво аз он хориҷ мешавад. Масалан, ҳангоми талаффузи ч нӯги забон таранг шуда, ба вораи боло мечаспад, барои ҷараёни ҳаво мамоният мекунад ва он якбора кушода нашуда, ба талаффузи ш мегузарад, дар натиҷа аффрикаваи ч ба вуҷуд меояд. Бояд гуфт, ки ҳамсадоҳои аффрикаро дароз талаффуз кардан имконнопазир аст, аммо баръакс, овозҳои с, ш, ж-ро ки унсури охири ин аффрикатаҳоро ташкил медиҳанд, дароз талаффуз кардан мумкин аст.

Овозҳои ҳамсадои зичу раҳнадор. Дар вақти талаффузи ҳамсадоҳои зичу раҳнадор олати фаъоли нутқ ба олати ғайрифаъоли нутқ мазбут часпида, нисбатан сахт мамоният мекунанд, аммо дар айни ҳол раҳнае ҳам барои хориҷи як қисми ҳаво боқӣ мемонад. Масалан, ҳангоми талаффузи ҳамсадои л аз ду паҳлуи забон ҳаво хориҷ мешавад, ҳол он ки нӯги забон ба дандонҳои болои пеш ва вораи боло сахт ҷафс мешавад, вақти талаффузи ҳамсадои м ҳам лабҳо маҳкам ба ҳам мечаспанд ва бо ҳамин барои ҷараёни ҳаво монеа пайдо мешавад, аммо як қисми овози аз шушбароянда ба воситаи сӯрохи бинӣ хориҷ мегардад.

Ҳамсадои зичу раҳнадори тоҷикӣ овозҳои н, м, л мебошанд.

Агар дар вақти талаффузи ҳамсадоҳои зичу раҳнадор ҳаво аз даҳон хориҷ шавад, он ҳамсадо даҳонӣ ва агар аз бинӣ барояд, он овоз димоғӣ номида мешавад.

Овози ҳамсадои ларзон. Ин типи овози ҳамсадо дар забони тоҷикӣ р аст. Ҳангоми талаффузи овози ҳамсадои ларзон нӯги забон андаке ба боло моил ва ба вораи боло наздик мешавад. Ҷараёни ҳавои аз шушбароянда нӯги забонро пай дар пай ва мунтазам меларзонад. Дар натиҷа овози р пайдо мешавад.

Ба вуҷуд омадани овозҳои ҳамсадои алоҳида

Овозҳои п ва б фонемаҳоеанд, ки дар вақти талаффузашон лабҳо ба якдигар часпида, баъд якбора ҷудо мешаванд, дар натиҷа таркише пайдо шуда, ҷараёни ҳаво бо шавшув аз даҳон мебарояд. Дар охири калима ин таркиш нисбатан суст мешавад, шавшув ҳам чандон зиёд ва сахт намешавад. Бинобар ин п ва б фонемаҳои шавшувии зич ва дулабӣ мебошанд.

Дар натиҷаи талаффузи фонемаҳои мазкур забонча баланд бардошта шуда, роҳи ҳаворо ба димоғ банд мекунад, аз

пешина
аз 457
навбатӣ