Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

ҳамин ҷиҳат п ва б ба қатори ҳамсадоҳои даҳонӣ дохил мешаванд.

Фарқи асосӣ ва ягонаи фонемаҳои п ва б вобаста ба вазъияти садопардаҳо мебошад. Ҳангоми талаффузи б садопардаҳо таранг ва ба ҳамдигар наздик шуда, бо ҷараёни ҳаво меларзанд, дар натиҷа садо пайдо мешавад ва дар б характери ҷарангдорӣ пайдо мешавад. Баръакс, вақти талаффузи фонемаи п садопардаҳо бемалол боло мебароянд ва садо ҳам пайдо намешавад. Бинобар ин п фақат бо таркиш (аз ҳамҷудошавии лабҳо) пайдо мешавад. Шавшуви ҳамсадои п нисбат ба шавшуви ҳамсадои б зиёдтар аст. Сабаби кам будани шавшув дар он аст, ки ҳангоми пайдоиши овози б садо иштирок дорад. Азбаски п бесадо талаффуз мешавад, вай ҳамсадои беҷаранг буда, овози б ҳамсадои ҷарангдор мебошад.

Овозҳои п ва б ҳамсадоҳои ҷуфтанд.

Ф ва в. Ҳангоми талаффузи ин фонемаҳо лаби поён ба дандонҳои болой наздик шуда, дар байни лабу қатори дандонҳои боло роғе пайдо мешавад, ки ба воситаи он аз даҳон ҳаво берун мебарояд. Ҳангоми аз ин роғ баромадани ҳаво молиш ба амал омада, дар натиҷа шавшув пайдо мешавад.
Аз ин рӯ, фонемаҳои ф ва в фонемаҳои шавшувдор ва лабудандонӣ мебошанд.

Вақти талаффузи ф ва в забонча роҳи ҷараёни ҳаворо ба холигии димоғ мебандад, бинобар ин онҳо фонемаҳои ғайридимоғӣ мебошанд. Дар вақти талаффузи в садопардаҳо иштирок намуда, баръакс, дар талаффузи фонемаи ф онҳо иштирок намекунанд. Бинобар ин в фонемаи ҷарангдор ва ф фонемаи беҷаранг мебошад.

Дар вақти талаффузи ф лаби поён ба дандонҳои қатори боло нисбат ба в зиёдтар наздик мешавад.

Овозҳои ф ва в ҳамсадоҳои ҷуфтанд.

Т ва д. Ҳангоми талаффузи ин фонемаҳо қисми пеши забон каме ғун (лӯндатар) мешавад, нӯги он дар ҷои баҳамчаспидани дандонҳои пеши болову милки дандон ва қисми болоиаш ба милки дандонҳои боло ва қисми поёниаш ба дандонҳои боло ҷафс шуда, бо зӯри ҳавои аз даҳон бароянда зуд ва бошиддат кушода мешавад. Дар натиҷа овоз ва шавшув пайдо мешавад.

Ба ҳамин тариқ, овозҳои т ва д фонемаҳои нӯгизабонӣ, зич ва шавшувдор ном доранд.

Ҳангоми талаффузи фонемаҳои мазкур забонча боло бардошта шуда, роҳи ҷараёни ҳаворо ба димоғ мебандад.

Д бо садо, вале т бе иштироки садо талаффуз мешавад, бинобар ин д фонемаи ҷарангдор ва т фонемаи беҷаранг аст.

Агар д дар охири ҳиҷои баста баъд аз ҳамсадо ояд, сусттар талаффуз мешавад.

Ҳамсадоҳои т ва д ҷуфти ҳамдигаранд.

С ва з фонемаҳои шавшувии роғ ва нӯгизабонӣ мебошанд.

пешина
аз 457
навбатӣ