Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

зеро ҳангоми талаффузи онҳо нӯги забон ба қисми поёнии дандонҳои пеши поён часпида, канорҳои забон ба ду канори ком ва ба дандонҳои паҳлуии боло ҷафс мешаванд. Азбаски фақат ду тарафи забон ба ду канори коми боло мечаспад, дар байни забону ком роғи найчамонанд пайдо мешавад. Дар вақти талаффузи овозҳои с ва з ҷараёни ҳаво ба воситаи он роғ аз даҳон бо суръат ба берун ҷорӣ мешавад, ки дар натиҷа овозҳои мазкур пайдо мешаванд.

Ҳангоми талаффузи с садопардаҳо намеларзанд, бинобар ин вай фонемаи беҷаранг аст, баръакс, дар вақти талаффузи з садо иштирок мекунад, аз ин рӯ, з ҳамсадои ҷарангдор мебошад.

Ҳамсадоҳои с ва з ба ҳамдигар ҷуфтанд.

Ш ва ж. Дар вақти талаффузи ин фонемаҳо қисми пеш ва миёнаи забон баланд бардошта шуда, дар ду ҷои байни кому забон (бо қисмҳои пеш ва миёнаи забону ком) ду роғ пайдо мешавад. Ҷараёни ҳаво аз даҳон ба берун ҳаракат карда, ҳар ду роғи мазкур молиш мехӯрад, ки дар натиҷа шавшув ва овозҳо ҳосил мешаванд. Ин овозҳо ба ҳам омехта мешаванд ва фонемаҳои ш ва ж ба вуҷуд меояд.

Ҳамсадои ш беҷаранг аст, аммо дар вақти талаффузи ж садопардаҳо меларзанд. Аз ҳамин ҷиҳат ин овоз ҳамсадои ҷарангдор мебошад.

Овозҳои ш ва ж ҷуфти ҳамдигаранд.

К ва г. Ҳангоми талаффузи ин овозҳо паси забон ба паси коми сахту пеши коми нарм зич мешавад, аз ҳамин сабаб ин овозҳоро ҳамсадоҳои пасизабонӣ меноманд. Азбаски шавшуви ин овозҳо дар вақти аз ҳам босуръат ҷудошавии олатҳои нутқ (паси забон аз коми сахт ва нарм) ба вуҷуд меояд, онҳоро ҳамсадоҳои шавшувии зич низ меноманд.

Ҳамсадои к беҷаранг аст, зеро дар талаффузи он садопардаҳо иштирок намекунанд ва баръакс овози г ҳамсадои ҷарангдор аст, чунки дар талаффузи ин овоз садопардаҳо меларзанд.

Овозҳои к ва г ҷуфти якдигаранд.

Ҳамсадои х овози шавшувии роғ мебошад. Дар вақти ба вуҷуд омадани ин ҳамсадо паси забон ба коми нарм наздик мешавад. Дар натиҷа ҳавои аз шушбароянда молиш мехӯрад. Ин овоз беҷаранг буда, дар ташаккули он садопардаҳо иштирок намекунанд.

Ҳамсадоҳои ц ва ч аз овозҳои нӯгизабонӣ мебошанд. Ин ҳамсадоҳоро аффриката меноманд, зеро дар аввали талаффузи онҳо нӯги забон ба вора ва бехи дандонҳои пеши боло ҷафс мешавад, гӯё ки овози т талаффуз мешуда бошад, баъд агар ҳамсадои ч-ро талаффуз кардани шавем, забон ба коми сахт наздик меояд ва роғе пайдо шуда, ҳаво молиш мехӯрад ва агар ҳамсадои ц-ро талаффуз кардани шавем, нӯги забон ба вораи боло наздик мешавад, дар натиҷа роғе пайдо шуда,

94

пешина
аз 457
навбатӣ