Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

ҳаво ба берун мебарояд. Албатта, дар ин маврид ҳаракати органҳои нутқ (забон) басо тез анҷом меёбад. Ба ҳам пайваст талаффуз кардани т ва ш ҳамсадои аффрикатаи ч ва пайваст талаффуз кардани овозҳои т ва с аффрикатаи ц-ро медиҳад.

Овозҳои ч ва ц беҷаранг мебошанд.

Талаффузи ҳамсадои м монанди талаффузи ҳамсадоҳои п ва б аст, яъне овози м ҳам ҳамсадои зич, дулабӣ ва монанди б ҷарангдор аст. Бо ҳамин ҷиҳатҳои умумии м бо ҳамсадоҳои п ва б маҳдуд намешавад. Фарқи умдаи м аз п ва б он аст, ки ҳангоми талаффузи м коми нарм (ба забонча) овезон шуда, роҳи ҳаво ба фароҳии бинӣ боз мешавад ва қисми ҳаво дар вақти аз ҳам ҷудошавии лабҳо аз даҳон ва қисми дигари он аз сӯрохии бинӣ мебарояд. Азбаски ҷараёни ҳавои аз даҳон бароянда суст аст, шавшув ҳам кам пайдо мешавад, бинобар ин, ин овозро сонант, камшавшув меноманд.

Овози м ҳамсадои димоғӣ мебошад.

Талаффузи ҳамсадои н ба талаффузи ҳамсадои д монанд аст, аммо овози н аз д бо он фарқ мекунад, ки ҳангоми талаффузи н коми нарм суст ва овезон шуда, қисми ҳавои аз шушбароянда бо сӯрохии бинӣ мебарояд (ҳангоми талаффузи ҳамсадои димоғии м ҳам ин ҳолат рӯй медиҳад), дар натиҷа ҳамсадои димоғии ҷарангдор ва сонанти н ба вуҷуд меояд.

Овози ҳамсадои л овози нӯгизабонист, азбаски вақти талаффузи он ҷараёни ҳавои аз шушбароянда аз ду паҳлӯи забон берун мебарояд, ин овозро ҳамсадои паҳлӯӣ ҳам меноманд. Азбаски ҳангоми талаффузи он нӯги забон ба дандонҳои болои пеш ҷафс шуда, ҳаво аз ду паҳлуи забон рахна карда аз даҳон хориҷ мешавад, ин овозро зичу рахнадор ҳам меноманд. Вақти талаффузи л нӯги забон аз дандонҳо якбора дур шуда, таркиш пайдо мешавад, аммо шавшув чандон зиёд намешавад, зеро дар натиҷаи аз даҳон муттасил хориҷ шудани ҳаво шиддати ҷараёни он суст мегардад, бинобар ин ҳамсадои л овози ҳамсадои сонант аст. Ин овоз ҳамсадои ҷарангдор мебошад.

Ҳамсадои р ҳам овози сонантӣ аст. Ин ҳамсадо дар натиҷаи ларзиши нӯги забон пайдо мешавад, бинобар ин вай ларзон ва нӯгизабонист. Ҳангоми талаффузи р қисми пеши забон андаке ба сӯи милки дандони боло моил мешавад, аммо наздик шудани он (нӯги забон) ба милки дандони боло ба таври мунтазам тағйир ёфта меистад, яъне нӯги забон ҳолати ларзониро мегирад. Вақти талаффузи ҳамсадои р садопардаҳо меларзанд, бинобар ин онро ҳамсадои ҷарангдор меноманд.

Ҳамсадои й (номаш йот) шавшувӣ, роғӣ ва ҷарангдор аст. Ҳангоми талаффузи он нӯги забон ба дандонҳои қатори поён,

пешина
аз 457
навбатӣ