Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
инчунин ду паҳлуи забон ба дандонҳои ду тараф (дандонҳои паҳлуй) ҷафс ва қисми миёнаи забон ба коми сахт наздик мешавад. Дар натиҷа дар фарохии даҳон роғи хурде пайдо шуда, ҷараёни ҳаво молиш хӯрда аз даҳон хориҷ мешавад ва ин молиш шавшув, яъне овози й (йот)-ро ба вуҷуд меоварад. Азбаски дар талаффузи й миёни забон ҷаста дар ташаккули он вазифаи муҳимеро адо мекунад, вайро ҳамсадои миёнизабонӣ ҳам мегӯянд. Вақти талаффузи й шавшув чандон зиёд нест.
Дар забони тоҷикӣ овози й баъд аз овози ҳамсадо (дар як ҳиҷо) намеояд.
Овози ҳамсадои ҷ овози аффриката мебошад. Ҳангоми талаффузи ин овоз нӯг ва қисми пеши забон ба милки дандони боло ҷафс шуда, садопардаҳо меларзанд, бинобар ин вай овози ҷарангдор мебошад.
Овози ҳамсадои қ бехизабонӣ, беҷаранг ва зич аст. Вақти талаффузи овози қ қисми охирини (бехи) забон ба охири коми нарм ҷафс шуда, бо фишори ҳавои аз шушбароянда якбора кушода ва дар натиҷа тарқиш ва шавшуви хоси овози қ пайдо мешавад.
Ҳангоми талаффузи овози ғ барои ҷараёни ҳавои аз шушбароянда роҳ кушода буда, садопардаҳо меларзанд, бехи забон ба қисми охирини коми нарм наздик мешавад.
Ҳамсадои ғ овози бехизабонӣ, роғу ҷарангдор аст.
Овози ҳамсадои ҳ овози ҳалқӣ мебошад, зеро ин ҳамсадо дар ҳалқ пайдо мешавад. Тарзи пайдоиши овози ҳ чунин аст: бехи забон ба ақиб кашида шуда, дар ҳалқ роғи танге ба вуҷуд меояд, ҷараёни ҳавои аз шушбароянда дар ин тангӣ шавшуви ба овози ҳ хосеро ба вуҷуд меоварад. Ҳангоми талаффузи ҳ садопардаҳо озод буда, намеларзанд, бинобар ин ҳамсадои ҳ овози беҷаранг аст.
Дар бораи овозе, ки дар графикамон бо ъ (сакта) ифода мешавад, дар ин ҷо чизе гуфта нашудааст. Сабаби ин ҳам мавриди тадқиқи илмӣ қарор нагирифтани ин овоз мебошад.1
1 Дар хати тоҷикӣ аломати сакта ғайр аз чанд калимаи аз русӣ гирифташуда, фақат дар калимаҳои арабӣ вомехӯрад. Масалан, дар калимаҳои маъхаз, таъна.
Дар забони арабӣ он аломат (сакта) бо ҳарфи айн ва ҳамза ифода меёбад. Дар забони арабӣ он овозҳо овозҳои ҳамсадои мустақил (фонема) мебошанд. Аммо дар забони тоҷикӣ маҳраҷи овозҳои сактагӣ (овозҳои айн ва ҳамзаи арабӣ) вуҷуд надорад.
Дар калимаҳое, ки аломати сакта (ъ) дида мешаванд, овозҳои пеш аз аломати сактаомада дароз кашида, талаффуз мешаванд. Агар талаффузи адабии муқаррарии, масалан, калимаҳои тана — таъна ва ман — манъ муқоиса шаванд, гуфтаҳои болоӣ равшан тасдиқ мешавад, яъне овози а-и якуми таъна ба н-и манъ хеле дароз ва бурро талаффуз мешавад.
Модоме ки дарозшавиҳо сабаби фарқи маъноӣ пайдо кардани маҷмӯи (комплекси) овозҳо мешаванд, ба фикри мо, ба ин овозҳо (овозҳои пеш аз аломати сактаоянда) характери фонемагӣ медиҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё