Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ҳиҷо. Агар калимаҳо оҳистатар талаффуз ёбанд, равшан ҳис кардан мумкин аст, ки онҳо ба ҳиссаҳо тақсим мешаванд ва ё худашон як ҳиссаанд, ҳар яке ин ҳиссаҳоро ҳиҷо меноманд. Ҳиҷо аз нуқтаи назари ташаккулъёбӣ — физиологӣ як ва ё якчанд овоз аст, ки бо як зарбаи нафасбарорӣ талаффуз мешавад. Аз нуқтаи назари шунавой бошад, ҳиҷо як ҳиссаи овозии нутқ аст, ки дар он як овоз бо ҷарангосии (садонокии) худ аз дигар овозҳои паҳлӯӣ ҷудо шуда меистад. Овозҳои ҷарангосие, ки баланду сахт талаффуз мешаванд, овозҳои садонок мебошанд. Дар забони тоҷикӣ ҳиҷо бо овози садонок ташаккул меёбад. Ҳиҷо мумкин аст, ки якфонемагӣ ва ё серфонемагӣ бошад, аммо дар ҳиҷо будани як овози садонок ҳатмист. Бинобар ин дар калима чӣ қадар овози садонок бошад, дар он ҳамон қадар ҳиҷо мешавад. Дар забони тоҷикӣ ҳамаи овозҳои садонок овозҳои ҳиҷотӣ (ҳиҷоташкилкунанда) ва ҳамаи ҳамсадоҳо овозҳои ғайриҳиҷотӣ (ҳиҷоташкилнакунанда) мебошанд.

Ҳиҷоҳо ба ду гурӯҳ — ҳиҷоҳои кушода ва баста ҷудо мешаванд. Ҳиҷоҳое, ки бо овозҳои ҳиҷотӣ тамом мешаванд, ҳиҷоҳои кушодаанд (ло-ла, ко-са) ва ҳиҷоҳоеро, ки бо овозҳои ғайриҳиҷотӣ тамом мешаванд, ҳиҷоҳои баста мемонанд (кор, мак-таб, об).

Навъҳои ҳиҷоҳои забони тоҷикиро дар поён меоварем (с — садонок, ҳ — ҳамсадо):

  1. с: ӯ, а + (гар).
  2. сх: ош, аф-(ғон).
  3. ҳс: то, те-ша.
  4. ҳсҳ: тар, ҳам-кор.
  5. сҳҳ: абр, умр, орд.
  6. ҳсҳҳ: барг, шарт.
  7. ҳҳс: про + (ле-тар).
  8. ҳҳсҳ: штаб, трак-(тор).
  9. ҳҳсҳҳ: спорт.

Дар забон ҳиҷоҳое ҳам ҳастанд, ки дар аввалашон се ҳамсадо доранд (ҳҳҳсҳ) (взвод) ва ҳиҷоҳое ҳастанд, ки бо се ҳамсадо баста мешаванд (Маркс). Аммо дар забони тоҷикӣ миқдори ин гуна калимаҳо хеле кам аст.

Қоидаҳои характерноки ба ҳиҷоҳо тақсим шудани калимаҳо иборат аз инҳоанд:

  1. Дар байни ду овози садонок як овози ҳамсадо бошад, ин ҳамсадо бо садоноки дуюм талаффуз мешавад: ҷома — ҷо-ма, олӣ — о-лӣ, ало — а-ло, чаман — ча-ман.
пешина
аз 457
навбатӣ