Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Аз ин қоидаи ба ҳиҷо тақсимшавӣ чанд калимаи аслан арабӣ (монандӣ масъул, ҷумъа) берун мебошанд. Дар ин навъ калимаҳо овози ҳамсадои дар байномада бо овози садоноки аввал дар як ҷо талаффуз мешавад.
Ба ҳиҷоҳо тақсимшавии калимаҳои мураккаб ҳамеша мувофиқи қоидаи боло анҷом намеёбад. Гоҳо дида мешавад, ки дар вақти ба ҳиҷо тақсим шудани калимаҳои мураккаб асли хусусияти морфологии калимаҳо ҳам ҷой дорад. Масалан, калимаҳои обанбор ба тариқи об-ан-бор, лойолуд ба тариқи лой-о-луд ба ҳиҷоҳо тақсим мешаванд.
-
Дар байни ду овози садонок ду овози ҳамсадо омада бошад, ин ду ҳамсадо яктогӣ тақсим шуда талаффуз мешаванд, масалан, остар — ос-тар, ағба — ағ-ба, ханда — хан-да. Калимаҳои типи арра, малла, қассоб, латта ҳам монандӣ калимаҳои боло ба ҳиҷоҳо тақсим мешаванд: латта — лат-та, касса — кас-са.
-
Дар байни ду овози садонок се овози ҳамсадо омада бошад, овози садоноки якум ду овози ҳамсадоро ба худ мегирад ва ҳамсадои сеюм бо овози садоноки дуюм мемонад. Масалан, хурдтар — хурд-тар, зарбдор — зарб-дор.
Зада
Одатан ҳиҷоҳои охири калимаҳое, ки ду ва ё зиёда ҳиҷо доранд, нисбатан бо шиддат талаффуз мешаванд. Чунин тарзи талаффузи ҳиҷоҳо задаи калимагӣ меноманд.
Задаи калимагӣ аз муҳимтарин аломатҳои берунии (зоҳирии) мустақилияти калима мебошад.
Ҳиҷоҳои калима ба ду гурӯҳ: ба ҳиҷоҳои зададор ва безада тақсим мешаванд. Он овози садонок, ки равшантар ва каме дароз талаффуз меёбад, овози зададор номида мешавад.
Дар забони тоҷикӣ зада одатан дар ҳиҷои охирини калима меояд. Аммо ин қоида чанд истисно дорад:
- калимаҳои русию интернатсионалӣ, ки ба таркиби луғавии забони тоҷикӣ дохил шудаанд, ҷои задаи аслии (русии) худро асосан нигоҳ медоранд, монандӣ, почта, партия, демократия, скрипка. Ин ҳодиса дар исмҳои хос ва фамилияи одамон, номҳои географӣ ва ғайра, ки аз русӣ ва ё тавассути забони русӣ ба тоҷикӣ дохил шудаанд, масалан, дар калимаҳои Наташа, Волга, Бразилия, Дарвин, Бетховен, Саша, Галкин низ дида мешаванд. Аммо дар калимасозӣ ин қабил калимаҳо ҷузъи калимаҳои нав (калимаи мураккаб) шаванд ва ё худ аффикс гиранд, зада боз ба ҳиҷоҳои охири-
1 Задаи калимагиро бо задаи фразагӣ ва тактӣ, ки дар нутқ ва ҳиҷоҳои калима ва умуман ба морфемаҳои гуногун меафтад, набояд омехта кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё