Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
ни калимаи нав меафтад. Масалан: партиявӣ, почтачӣ, скрипканавоз; 2) дар фамилияҳои тоҷикие, ки ба воситаи суффиксҳои ов-ев ва ова-ева сохта шудаанд, зада дар ҷои аслии худ боқӣ мемонад, яъне он ба суффиксҳои фамилиясоз намегузарад, монандӣ, Сангин-Сангинов-Сангинова, Кабир-Кабиров-Кабирова, Одина-Одинаев-Одинаева, Ғанӣ-Ғаниев-Ғаниева.
Ассимиляция
Дар нутқ овозҳо алоҳида-алоҳида ва аз ҳам ҷудо талаффуз намешаванд, онҳо ба ҳам пайванд шуда ҷараёни нутқро ба вуҷуд меоранд. Дар ин баҳампайвандӣ овозҳо бо ҳамдигар алоқаи хосе пайдо мекунанд ва ба ҳамдигар таъсир мекунанд. Дар натиҷа дар ҷараёни нутқ характери овозҳо тағйир меёбанд.
Дар ҷараёни нутқ тағйир ёфта, тобиши нав пайдо кардани овозҳои алоҳидаи аслӣ (фонемаҳо) чӣ гуна ба амал меояд?
Масалан, дар як калима (аммо) ва ё дар маҳалли васли ду калима (кам мебарӣ) ду бор омадани овози м ва талаффузи онҳоро мушоҳида намоем, мебинем, ки дуи онҳо як хел талаффуз намешаванд. Аввал овози м-ро алоҳида талаффуз карда, баъд калима ва ибораи болоиро талаффуз кунем ва ба талаффузи м-и онҳо диққат диҳем; фарқи онҳо равшан мушоҳида мешавад. Дар талаффузи м-и аввали аммо ва кам мебарӣ органҳои нутқ дар талаффуз кардани овозанд, бевосита баъд аз а овози м оғоз мегардад, дар талаффузи м тарқиш ба амал намеояд, барръакс дар талаффузи м-и дуюми онҳо аввали м вуҷуд надорад, аммо таркиш ба амал меояд. Дар талаффузи бадтолеъ д-и бад ба т мубаддал мешавад, яъне д беҷаранг мешавад, монандӣ м-и аввали дар мисолҳои боло овардашуда он бе таркиш талаффуз мешавад. Дар талаффузи калимаи ҷӯбҷа овози б ба овози беҷаранги п иваз мешавад, зеро органҳои нутқ барои талаффузи аффрикатаи беҷаранги ч тайёр шуда, садопардаҳо аз ларзиш бозмемонанд.
Дар тағйири садонокҳо паҳлу ба паҳлу омадани онҳо бо ҳамсадоҳои мухталиф ва махсусан дар дуру наздик воқеъ шудани онҳо ба задаи калимагӣ (дар нутқ ба задаи фразагӣ) ва тактӣ роли калон мебозанд.
Чунон ки дида шуд, дар ҷараёни нутқ ба ҳам наздикшавӣ ва монандшавии овозҳо ба амал меояд, ки он ассимиляция (монандшавӣ) ном дорад.
Дар забонҳои гуногун ду навъи ассимиляция мушоҳида мешавад: якум, ассимиляцияи регрессӣ (чаппа), дуюм ассимиляцияи прогрессӣ (роста). Дар ассимиляцияи регрессӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё