Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

«Сайёҳ»

Фахр дорад-рӯи олам дидаам,
Ҳам Фаронса, ҳам Хито, ҳам Амрико.
Лек қабри моми худро то ҳанӯз
Ӯ намедонад, ки ҳаст андар куҷо.

Чои қанд

Аз сари минбар
То сухан ширин бигӯяд чанд-чанд,
Мекунад ширин даҳон аз чои қанд.

Нафорамам, механдъм

Дар пеши шефи бозор,
Дар пеши марди пулдор.
Аз шӯхиҳои сардор
Эй ҷӯра, чору ночор
Нафорамам, механдъм.

Пеши марди милиса,
Пеши шефи балниса.
Бойбачаи навкиса,
Хушдоманъм Холиса
Нафорамам, механдъм.

Рӯ ба рӯи командир, Номусулмони кофир.
Вақте дора теғу тир, Ай аввал то ба охир Нафорамам, механдъм.

Ректори мо Маризо
Чеҳраи ӯ норизо.
Вақте то сумъш натӣ,
Намекъна ӯ имзо.
Нафорамам, механдъм.

Олимаи мо Лола,
Ҳаштоду панҷсола.
Кори илмияш вергул,
Дида чунин рисола
Нафорамам, механдъм.

Одами беҳавсала,
Бедониши бекалла.
Гарчи мега мӯҳмала,
Вақте боша бузбала,
Нафорамам, механдъм.

Ғаффоралии Сафар,
Ошнои ӯ Озар
Вақте шӯхӣ мекунанд,
Бовар кун, эй бародар,
Нафорамам, механдъм.

Буқаламун

Як марди носипос аст,
Дар макр беқиёс аст.
Шеф асту пеши сардор
Хамзада ҳамчу дос аст.
Хунукбашара бошад,
Афташ мисоли кос аст.
Кори ҳимоясозаш
Оҳак табори нос аст.
Хӯрдаст шири шайтон,
Аз пайравони хос аст.

пешина
аз 118
навбатӣ